Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
гардан кор фармуда мешавад. Ранги зард рамзи пажмудагӣ, ғаму ғусса ва марг аст: «Эй беди баланд, саргаҳут зард шидай, Поюм ба вилояти дигар банд шидай».
Дар рубоиҳо, ки ҳодисаҳои вазнину фоҷианоки ҳаётро инъикос мекунанд, номҳои рамзии бадбахтиро ифодакунанда албатта бо ранги сиёҳ ҳамроҳ зикр мешавад: зоғи сиёҳ, дуди сиёҳ, дили сиёҳ ва ғайра. Таъкид шудани сиёҳии дуд эҳсосотеро, ки дарду аламро ифода менамояд, пуркувваттар мекунад:
Дар гӯшаи бом шиштӣ, Мастурамо,
Рӯят сини акатай, пуштат сини мо.
Эй Мастурамо, рӯта бигардон сини мо,
И дуди сиё канда шава ай дили мо.
Яке аз воситаҳои ифодаи фикру эҳсосоти одамӣ дар рубоӣ портрет мебошад. Қаҳрамони лирикӣ дар хусуси ҷиҳатҳои зоҳирии инсон сухан ронда, муносибати худро ба вай нишон медиҳад, муҳаббату эҳтиром, нафрату ғазаб, ғаму ғусса, шодию фараҳ ва умеду орзуи худро ифода менамояд. Дар чор мисраи рубоӣ, албатта, тасвири муфассали портрети инсон номумкин аст. Бинобар ин дар рубоиҳо танҳо тасвири ҷиҳатҳои умумии симои инсон ё худ ягон унсури қад, чеҳра, чашм, сар, дасту по ва монандӣ инҳо тасвир мешавад. Дар бисёр рубоиҳо зимни ин тарзи рафтор, гуфтор, сару либос ва асбоби ороиш зикр мегардад. Дар рубоиҳое, ки тасвири ангуштарин, ҳалқаю марҷон, рӯймол, курта ва дигар воситаҳои ороиш мавқеъ доранд, албатта, аз материали қиматбаҳо будани онҳо таъкид меёбад.
Духтараки сафедпӯст ё худ гандумгун, ки чашмони фаттони сиёҳ ва кокулҳои атрогин, либоси шинами сафед ё сурх дар бар дорад, дар соҳили дарё, сари кӯҳ, лаби ҷӯй ё чашма, дар саҳро, кӯчабоғ, болои бом, таги дари дарвоза ё дар сояи дарахте намоён мешавад. Дар ҳар ҷое, ки ӯ пайдо шавад, он ҷой назаррабою диққатангез мегардад. Хусни дилошӯби ӯ ба ҳама гуна манзара обу ранги махсусу мафтункунанда мебахшад. Лаблаби дарёчаи шӯхи кӯҳӣ ё худ қад-қади дараи сабзу хуррам ду духтар монандӣ гулҳои садбарги сафеду сурх қадамзанон меояд, ки аз хусну латофати онҳо манзараи зебои атроф боз ҳам дилангезтар ва хусну ҷамоли худи онҳо дар партави зебоии табиати фусункор дилошӯбтар ба назар мерасанд:
Қад-қади такобу мераван сурху сафед,
Пешатба мурам, ҷавонзани куртасафед.
Эй куртасафед, аввалӣ ёрам ту будӣ,
Садбарги сафеди хушнигорам ту будӣ.
Дар рубоиҳо қаду қомат нозук, мавзун ва борику ларзон тасвир меёбад. Барои он ки ин мавзунии қади инсон махсус қайд гардад, онро ба ниҳол ва навдаи дарахт монанд мекунанд.
Кокул ва зулф муҳимтарин ва асоситарин ҷузъи хусну ҷамоли зан ва ҷузъи ҳатмии портрети маҳбуба ба шумор меравад

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё