Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АдабиётАфсонаФарҳанг
Аз аввал хондан

вад ва аз се ҷиҳат: ранг — сиёҳ ё тиллоранг; дарозӣ ва пурпечутобу ларзон буданаш боиси таърифу тавсиф қарор мегирад.

Табиист, ки дар портрет мавқеи асосиро рӯй, чеҳра ишғол менамояд. Барои тасвири зебогии чеҳраи зан дар рубоӣ ташбеҳу маҷоз ва тавсифҳои гуногун истифода мешаванд. Илова бар ин, аксарияти ин қабил воситаҳои тасвир анъанавӣ буда, дар тӯли асрҳо, ҳам дар адабиёти китобӣ ва ҳам дар эҷодиёти даҳанакии халқ баробар истифода шуда омадаанд. Рӯй бештар ба офтоб, моҳ ва гул монанд карда мешавад. Вале аксарияти образҳои ба ном кӯҳна ва забонзада дар рубоиёти халқӣ аз нав зинда шуда, обуранги тоза пайдо карда, оҳанги махсус касб мекунанд.

Дар рубоӣ на танҳо зебогии абрӯ таърифу тавсиф меёбад, балки ҳамчун як навъ меъёри қадру қимати духтар мавриди диққат қарор мегирад: «Эй духтарак, худта ба осонӣ нате, Қошони ту қиматай, ба арзонӣ нате!» Дандонҳои якхелаи баробар ва сафеду ялаққосӣ зеби махсусе доранд. Бинобар ин онҳоро одатан ба марворид монанд мекунанд. Вале дар рубоиҳои халқӣ дандон ба предметҳои оддии рӯзгор, масалан, аз ҷиҳати сафедӣ ба шир ва аз ҷиҳати шакл ба донаҳои биринҷ низ монанд карда мешаванд.

Дар рубоиҳо гуфта мешавад, ки хол ҷиҳати хоси зебоӣ буда, маҳз ба тавассути он портрети маҳбуба пурраву мукаммалтар мешавад:
Аввал, ки равӣ, назар ба чашмонуш кун,
Дуюм ба лаву сеюм ба дандонуш кун,
Чорум бинигар, ки хол дора ё не,
Панҷум бинишину ҷонта қурбонуш кун.

Илова бар ин гӯяндаи бисёр рубоиҳо ҳангоми таърифу тавсифи хол диққати асосиро ба сиёҳӣ ва мавқеи ишғолкардаи ӯ равона кардаанд.

Дар рубоиҳо, баъзан тасвири мардон низ мушоҳида мешавад:
Ай боло куланг ҳамбид, ҳам мурғовӣ,
Ма садка шавум қаҷакриши кулобӣ.
Қаҷакриши кулобӣ, чиҳо мекобӣ?
Сарчашма ғаллат кардай, ёр мекобӣ?

Ҳамин хел дар тасаввуроти шунаванда образи зебои ҳаяҷонбахше ба вуҷуд меояд, ки идеали эстетикии халқро ифода мекунад. Вале, чунон ки аз рубоиҳои бисёре дида мешавад, дар зери мафҳуми зебоӣ на танҳо ҳусни расою баркамол фаҳмида мешавад. Дар ҳусни оддинамои духтарон хислатҳои ҳақиқатан зебову дилошӯбе ниҳон аст, ки сазовори муҳаббати пок мебошад.

Дар лирикаи халқӣ портрет аз ҳадди эътидол, аз доираи табиӣ ва имконпазир берун намебарояд ва аксаран аз асоси заминияш канда намешавад.

Барои ба вуҷуд овардани кайфияту ҳолати инсонӣ хизмати

пешина
аз 295
навбатӣ