Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

пейзаж низ калон аст. Он ҳамеша барои амиқу равшан ифода ёфтани фикри асосӣ дар рубоӣ ёрӣ мерасонад. Алоқаи пейзажро бо мазмун ва ғояи асосии рубоӣ ҳамин чиз ба хубӣ нишон медиҳад, ки он вобаста ба мавзӯъ тағйир ёфта меистад.
Масалан, дар рубоиҳои ғарибӣ пейзаж хузнангез буда, дар онҳо пайраҳаҳои мушкилгузар, рӯдҳои паҳноби тезҷараён, ағбаҳои баланд, қишлоқҳои дурдасти кӯҳӣ, ҷанори баланди шоҳҳояш дастнорас ва роҳҳои пурхатар дар кӯҳу биёбон тасвир мешавад:

Ма мераваму немерава амраи ма,
Севакт шидай, кӯҳу биёбон раи ма.
Шерони ҷаҳон наъра занан бар сари ма,
Ма наъра занум: — «Куҷо шидай амраи ма?!»

Мавзеъҳое, ки мардуми кӯҳистон ба умеди пайдо кардани музди ночизе мераванд, «поён» номида мешуд. Вале тасвири «поён», ки ба маънои шаҳрҳо ва водиҳои дур омадааст, дар рубоиҳо дида намешавад. Дар рубоиҳои ғарибӣ танҳо нақши баъзе унсурҳои ҷудогонаи мулки бегона, ба монанди гӯшаи ягон масҷид, канори роҳе, девори хона ё худ хонаҳои валангоршудаи шаҳре мушоҳида мешавад.

Зебогии мулки бегона диққати ғарибонро ба худ ҷалб накардааст. Онҳо ҳамеша дар хусуси мулки падар, зодгоҳи худ фикр мекунанд ва маҳз аз ҳамин сабаб онҳо ҳамаи он чиро, ки дар атрофи худ мебинанд, аз ягон ҷиҳат - монандӣ ё мухолифаташон бо мулки падар ва табиати зодгоҳи худ муқоиса мекунанд. Ғарибе майсаҳон аз шамол ба ҷунбиш омадаро дида, ёди ватан мекунад:

Шамолак мевазад дар барги гандум,
Мусофир гаштаям дар шаҳри мардум.
Мусофири маро дилгир кардааст,
Фалак бар гарданум занҷир кардааст.

Тасвири манзараи роҳҳои дуродур, шабгузаронӣ дар гӯшаҳои пурбиму бекас ва ағбаҳои хавфнок, ки дар рубоиҳои ғарибӣ хеле анику ихчам тасвир ёфтаанд, дар рубоиҳои ишқӣ камтар мушоҳида мешаванд. Мо дар ин гурӯҳ рубоиҳо тасвири манзараҳои тамоман дигар — ҷойҳои мулоқоти дилдодагон, соҳили дарёчаи шӯхи кӯҳӣ, мавзеъҳои хушбӯю пудиназори дараю водиҳо, заминҳои корам ва саҳроҳои васеи лолазор, маҷрои санглохи дарё, чинори яккаву танҳои сари мазор, дашти марминҷондор, пуштазамине, ки чукрӣ рӯидааст, кӯчаҳои торику қачу килеб, боми хонаву айвон ва боғҳоро мебинем. Аз маҷмӯи ин унсурҳои пейзаж манзараи қишлоқҳои кӯҳистони тоҷик ба хубӣ тасаввур мешавад. Хонаҳои паст-пасти айвондор бо ҳавличаҳои мисли рӯи бом хурд, зич ва яке аз дигаре болотар ҷойгир шудаанд. Канори ҳавлии боло ба боми ҳавлии поён омада мечаспад.
Аз дур айвони хонаҳое, ки дар баландӣ воқеъ шудааст, намуда менесад. Дар назди айвон одатан ё дарахти сафедор қад афрохтааст

пешина
аз 295
навбатӣ