Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
ё худ яккатуте шохҳои садбаргу пурсояи худро ба рӯи бому ҳавличаҳои танг паҳн кардааст. Дар рӯ ба рӯи он аз паси девори чигин ҳавлии дигаре воқеъ шудааст:
Ин хонаи рӯбарӯи шиғ дар мина,
И ҷураро бин рӯша намегардуна.
Мо медонем, ту ноза бар мо кардӣ,
Мо меравему дидаву рут мемона.
Дар он ҳавлӣ бошад, духтари куртасурҳаке зиндагонӣ мекунад, ки ҳар замон ба монандӣ гули садбарги сурх ба назар ҷилвагар мешавад. Деҳаро ё аз поёну боло ё худ аз ду паҳлу заминҳои кишту полез иҳота кардаанд. Дар байни заминҳои корам бошишгоҳи тобистонаи мардум — чайла (чойоб) ё худ тахтасуфаҳои баланд намуда меистад:
Чойлоби баланда аз параш бод оя,
Кофар духтар, ки бе манаш хоб оя,
Гар хоб кунад, меҳри манаш ёд оя,
И ҷоғаи навдохта ба фарёд оя.
Баъд кӯҳсор, ҷарӣ ё худ заминҳои васеи хушку бегиёҳ ва санглох сар мешавад. Дар нишебии кӯҳҳо, лаби ҷар ва дараҳо дарахтони якка ё бешуморе рӯидаанд:
Ин беди баланд сояш лаби ҷар бошад,
Дар сояи вай биссола духтар бошад.
Ман мор шавам, ҳалқа занам гардани бед,
Лаънат ба касе, ки ошиқи духтар бошад!
Ҳамаи ин бо ҳаёти мардумони деҳоти кӯҳистон алоқаи зич доштани ин жанри эҷодиёти даҳонакии халқро собит мекунад.
Банду басти рубоӣ. Дар мисраи аввали аксари рубоиҳо ягон унсури пейзаж, пораи портрети шахсе ё худ ягон воқеа баён мешавад. Гурӯҳи дигари рубоиҳо бо мухотаб оғоз ёфта, баъд орзую ҳавас ва хоҳиши шахсро ифода менамоянд. Баъзан мухотаб дар рубоӣ зикр наёфта, танҳо тасаввур мешавад.
Мухотаб мумкин аст, ки дар мисраъҳои якум, дуюм ва ҳатто сеюму чоруми рубоӣ воқеъ гардад. Муроҷиат бисёр вақт як ё якчанд муайянкунандаи сифатиро дар бар мегирад:
Эй духтараки сафедаки қаҷтоқӣ,
Ай мулки Ҳисор аз кадом қишлоқӣ?
Ҳар чанд кардам, тура надодан бар мо,
Охир ту насибаи кадом бӯйдокӣ.
Эй апаи дуродури дурмайдонам,
Э апаи қинғолаи саргардонам.
Ман гуфтувдам; апам шава меҳмонам,
Сар дар бағалаш монам, бурояд ҷонам.
Дар рубоии дуюм мухотаб бо як қатор тавсифҳо омада, нисфи рубоиро фаро гирифта, дар тасвири батафсили воқеа роли муҳим бозидааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё