Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
Гурӯҳҳои гуногуни рубоиҳо мухотабҳои ба худ хос доранд. Масалан, дар рубоиҳои ғарибӣ одатан ба кӯҳу дарё (рамзи ҷудоӣ), боду борон (рамзи бадбахтӣ ва марг), инчунин ба Худо, фалак, ёру дӯст ва хешу табор муроҷиат карда мешавад. Дар рубоиҳое, ки оид ба бераҳмии тақдир ва зулми золимон гуфта шудаанд, бештар ба модар, фалак, Худо муроҷиат мекунанд, яъне ба ҳамаи онҳое, ки аз рӯи фаҳмиши қаҳрамони лирикӣ ба азобу машаққат ва тақдири ноинҷои ӯ сабаб мешаванд. Шахси бадбахту хонахароб аз фалак шикоят мекунад:
Фалак, ту мара ду чашми пурнам додӣ,
Ай рӯзи азал ризқи мара кам додӣ!
Ризқи ҳамара кушоду хуррам додӣ,
Ризқи ма ноосудара ай ғам додӣ!
Рубоиҳое, ки ба мавзӯи ишқу муҳаббат ва оила оиданд, ҳам образҳои рамзӣ (гул, себ, булбул, кабк, сарв, бед, кабӯтар, гунҷишк, зоғ), ҳам образҳои истиоравӣ (куртасафед, куртаалоча, тоқасавор, қаҷтоқӣ), ҳам образҳои тавсифӣ (сабзинадухтар, сиёҳчашмак, хушҳаракат) ва ҳам образҳои ба воситаи ташбеҳҳои мураккаб ифодаёфтаро (навданиҳол, абрукамон, химчамиён, гулрӯ) дарбар мегиранд.
Дар банду басти рубоиҳои халқӣ санъати параллелизм мавқеи муҳим дорад, ки он дар асоси мутобиқгузории воқеаҳо ё худ амалиёти персонажҳо ба вуҷуд меояд. Дар онҳо воқеаҳо, хусусият, тарзи амалиёт, маҳалли рӯй додани ҳодисае ба ҳам муқобил гузошта мешавад. Масалан, дартаксим ва лола, ки дар дил сиёҳ дорад ва ранги лолаву гули арғувон дар рубоии зерин мутобиқати пурмаъное пайдо кардааст. Моҳи осмон пора шудааст — ҷудоӣ ба амал омадааст, пораҳои он сурху доғдор аст — ҷудоии ноғуворе:
Ин маҳа бубин, дар осмон нимпора,
Нимуш гули арғувон, нимуш лола.
Лола ба даруни худ сиёҳӣ дора,
Ёри мана бин, ай ман ҷудоӣ дорад.
Яке аз маъмултарин гурӯҳи параллелизмҳое, ки дар лирикаи халқӣ васеъ мушоҳида мешавад, параллелизми манфӣ мебошад.
Ҳаргиз ба сари хор барешим натанӣ,
Ёре, ки ба дил набошад, ҷонаш наканӣ!
Ёре, ки ба дил набошад, набудануш бест,
Севе, ки туруш бошад, нохурдануш бест!
Дар рубоиҳо такрор низ роли муҳим мебозад. Ин санъат дар мисраъҳои гуногуни рубоӣ воқеъ шуда, вобаста ба ин вазифаи он тағйир меёбад. Агар такрор танҳо дар сатри аввал ояд, диққати хонанда ба ягон ҳодиса, предмет ё манзара нигаронида мешавад. Дар ин маврид сатри аввал аз ду қисм иборат шуда, қисми дуюм ё такрори қисми аввал аст, ё худ ба қисми дуюм

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё