Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
калимае илова мешавад, ки хусусияти предмет ё воқеаро таъкид карда, моҳияти онро мекушояд ва аниқтар мекунад: «Дарё ҷола, миёни дарё ҷола. Дарё овард чанори панҷоҳсола».
Такрор бештар дар сатри дуюм ё сеюми рубоӣ дучор мешавад. Дар чунин маврид вазифаи такрор васеътар аст. Он ғояи умумии рубоиро ҳам аниқ ва ҳам таъкид карда, барои оҳанги таъсирнок пайдо кардани тамоми рубоӣ мусоидат мекунанд. Масалан:
Дар рӯи раҳут анор монум, биравум,
Себаргаву гул қатор монум, биравум.
Себаргаву гул қатор мондум, ки нашид,
Оташа дар ин диёр монум, биравум.
Ин ҷо дар сатрҳои аввал манзараи оддии лирикӣ тасвир ёфтааст, ки ҳамчун тезис ба назар мерасад. Дар мисраи сеюм сухани дар мисраи дуюм гуфташуда такрор гардида, ба ҷамъбасти фикр замина тайёр мекунад. Мисраи чорум бошад синтез аст. Дар рубоии поёнӣ низ ҳамин хусусият ба назар мерасад:
Бо куча гузар накун, ки мебинумут,
Аҳволи дили сӯхтама мепурсумут.
Аҳволи дили сӯхтама пурсида нашид,
Сад сол бигзара, охир мегирумут.
Гурӯҳи калони рубоиҳое мавҷуданд, ки дар онҳо воқеа ба воситаи диалог тасвир мешавад. Як шахс дар бораи худаш, мақсаду маром, ҳиссиёту ҳаяҷон ва вазъи ҳолаш сухан меронад, шахси дуюм ба вай ҷавоб мегардонад. Як шахс шикоят мекунад, талаб менамояд, шахси дигар ба вай эътироз мекунад, розӣ намешавад ва ваъда медиҳад. Бисёр рубоиҳои ин гурӯҳ муҳимтарин лаҳзаҳои ҳаёти ду шахсро тасвир мекунанд, душвориҳоеро, ки байни онҳо ба вуҷуд меоянд, нишон медиҳанд, ҳасби ҳоли онҳоро дар муҳимтарин лаҳзаҳои муносибаташон ба ҳамдигар маълум менамоянд. Барои мисол рубоии зеринро овардан мумкин аст, ки дар он аз хусуси духтараки ба шавҳари номуносиб додашуда, вазъи ҳоли ошиқ ва қарори маъшуқа сухан меравад:
— Эй духтараке рӯта нашу дар лави ҷӯ,
Ҳайдама буте, падар тура додай ба шӯ.
— На ғами падар дорум, на ғамаки шӯ,
ЯК бусаи ошиқӣ сад баҳои шӯ.
Дар ин навъ рубоиҳои диалогдор дар мавридҳои муайян нутқи шахси сеюм — мардум низ зикр мешавад, яъне ба тавассути ибораи «мардум меган» ба рубоӣ маънои «халқ», «ҷамъият» дохил шуда, муносибати байни одам, шахс бо ҷамъият, муносибати мардум ба ин ё он ҳодиса, ба рафтори ин ё он шахс, ба ин ё он лаҳзаи ҳаёт, муносибати қаҳрамони лирикӣ ба халқ, ба ҷамъият муайян мегардад. Ин муносибат баъзан оҳанги ҳамдардӣ ва дилсӯзиро ифода мекунад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё