Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
Ай рафтанақот ғубор гирад дили ман,
Сад нолаи зор-зор гиряд дили ман.
Мардум меган: «Гирья накун, меоя»;
Кай ояду кай қарор гира дили ма?
Қаҳрамони лирикӣ баъзан ба фикру ақидаи мардум ақидаи худро муқобил мегузорад:
Пушти хони очаҷон регистонай,
Ишқи бачай мардум балон ҷонай,
Мардум мегун: «Ошиқӣ осунай»
Гур осунай, дардаки бедармунай!
Қофия ва радиф. Маъмултарин тарзи қофиябандӣ дар ин жанр аа ба мебошад, ки сатрҳои якум, дуюм ва чорум ҳамқофия мешаванд. Бо вуҷуди он рубоиҳое низ дучор мешаванд, ки ҳамаи чор мисраъ ҳамқофия аст: аааа
Ин ду тарзи қофиябандӣ ба рубоиҳои адабиёти китобӣ низ характернок аст. Вале дар рубоиҳои халқӣ тарзи қофиябандии ду ба ду, яъне ҳамқофия шудани мисраъҳои якуму дуюм ва сеюму чорум (аабб), низ мушоҳида мешавад, ки ин ба шакли шеърии маснавӣ хос мебошад.
Азбаски ҳамеша рубоӣ бо оҳанг иҷро мешавад, офарандагони рубоиҳо аз пайи ҷустуҷӯи қофияҳои гуногуни мураккабу ғайричашмдошт намешаванд. Дар рубоӣ бештар қофияҳои осон (ба монандӣ «ор», «ар», «он», «об», «о») ё худ қофияҳои грамматикӣ (яъне қофияҳое, ки ба воситаи бандак, суффикс ва бандакҷонишинҳо ба вуҷуд меоянд) истифода мешаванд. Дар рубоиҳои халқӣ қоидаҳои умумии қофиясозӣ, ки барои адабиёти китобӣ қонунӣ мебошад, на ҳамеша риоя мешавад. Вале ин ҳаргиз маънои онро надорад, ки гӯё доираи қофиясозӣ дар ин жанр маҳдуд аст. Дар рубоиҳои халқӣ низ қофияҳои аҷибу хушоҳанг ва ҳатто мураккаб мушоҳида мешаванд. Гуфтан мумкин аст, ки қофия дар рубоӣ нисбат ба эпос ва дигар шаклҳои жанри назми халқӣ бойтар ва гуногунтар аст. Ба ин агар қофияҳои аз рӯи хусусиятҳои лаҳҷаҳо ба вуҷудомадаро ҳамроҳ кунем, ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки доираи истеъмоли қофия ва хелҳои он дар рубоӣ хеле вусъат ёфта омадааст.
Дар зуҳуроти хушоҳангии рубоиҳо роли радиф хурд нест. Радифро як навъи санъати такрор номидан мумкин аст, ки ба таъкид ёфтан ва таъсирноҳ гардидани фикр ёрӣ расонида, дар шеър оҳанги махсус ба амал меоварад. Тарзи истифодаи радиф дар рубой гуногун аст, вале радифе, ки дар мисраъҳои якум, дуюм ва чорум омада, бо қофияи умумии шеър алоқаи зич дорад, нисбатан серистеъмол мебошад. Зимнан рубоиҳо низ дучор мешаванд, ки радиф дар ҳамаи чор мисраъ такрор мешавад.
Дар лабаки бум шиштаю сар шуна кунам,
Ин бачай калпоқпӯша девуна кунам.
Девуна кунам, ишорати хуна кунам,
Дилаша гирам, худаша овора кунам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё