Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Баъзан дар ду мисраи аввал як радиф ва дар мисраъҳои сеюму чорум радифи дигар меояд.

Чинора бубин, барги парешун дора,
Мулки падарам лоиқи хешун дора.
Хешунма бигӯ, дур ғарибум накнан,
Аз дидори рушун бенасибум накнан.

Дар рубоӣ радифҳои содда, яъне иборат аз як калима ва мураккаб, ки аз чанд калима таркиб ёфтаанд, низ хеле фаровон истифода мешаванд. Радифҳои мураккаб баъзан нисфи мисраъро ишғол менамоянд:

Эй духтарако, салом дорем ба шумо,
Як бӯсаи қарзи бом дорем ба шумо.
Як бӯсаи қарзи боми мо дода нашуд,
Савдо ба намози шом дорем ба шумо.

Забони рубоӣ. Рубоиёти халқӣ аз ҷиҳати забон низ хусусиятҳои хос доранд. Онҳо то Революсияи Октябр асосан аз тарафи одамони бесавод гуфта ва хонда мешуданд, бинобар ин дар забони рубоиҳо таъсири шева хеле пурқувват аст. Фолклоршиносон муайян кардаанд, ки 75% рубоиҳои навишта гирифташуда дар лаҳҷаҳои гуногуни забони тоҷикӣ гуфта шудаанд. Рубоиҳое, ки забонашон адабист, аз тарафи одамони босавод гуфта шудаанд ё худ аз тарафи онҳо таҳрир шуда, пас дар ҳамин шакл дар байни мардум паҳн гардидаанд.

Дар рубоӣ барин як жанре, ки ҳамагӣ аз чор мисраъ иборат аст, тасвири манзараҳои зебову дилфиреби ҳаёт, табиат ҳатто рӯйдодҳои гуногуни зиндагӣ мушоҳида мешавад. Ҳамаи ин ба баёни рехта ва мӯъҷаз имкон надорад. Ба ин истифодаи фаровони рамзу маҷоз, киноя ва ибораҳои рехтаи маҷозӣ дар нутқ инчунин ихтисороти воситаҳои грамматикӣ мусоидат мекунад. Ихтисор шудани пешояндҳо, суффиксу ҳиссаҷаҳо, феълҳо ва ғайра дар рубоӣҳо як ҳодисаи муқаррарист. Масалан, дар мисраъҳои зерин аз ҷиҳати сохти грамматикӣ ихтисори равшане дида мешавад: «Эй кафтараки кафедаки тори ҳаво, Дилгир шудам, ҷӯра, хаваргирим биё!» Агар ба қонунҳои грамматикии сохти ҷумла қатъӣ риоя кунем, сатри аввал бояд ин тавр мешуд: «Эй кафтараки кафедаке, ки дар тори ҳавой». Ин ҷо пайвандаки «ки», ҷонишин, пешоянд ва бандаки феълӣ афтидааст.

Баъзан суфтаву иҷчамбаёнӣ дар услуби рубоӣ бо ёрии ихтисороте, ки дар шева вуҷуд дорад, ба амал меояд:

Куртакаламӣ, қади баландта садқа,
Роҳ гаштанакой кучай тангта садқа!
Дар кӯчаи танг қадбаланд бисбёрай,
Чашмони сиёҳ, зулфои чангта садқа!

Мисраи дуюм беихтисор ин хел бояд бошад: «Ман садқаи дар кӯчаи танг раҳ гаштанҳои ту шавам».

пешина
аз 295
навбатӣ