Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
Дар рубоиҳо суффикси «-ак» хеле васеъ истифода шуда, тобиши маъноии навозиш ё хурдиро ба амал меоварад. Он инчунин ба калимаҳое ҳамроҳ мешавад, ки предметҳои ба маҳбуба вобаста бурдаро мефаҳмонанд: «Дар таҳаки бед нашин, ки бед калбедай». Ин ҷо суффикси «-ак» ба калимаи таг ҳамроҳ шудааст ва оҳанги навозишу хурди на ба худи предмет (бед), балки ба шахсе, ки дар тағи бед менишинад, дахл дорад.
Дар рубоӣ бисёр вақт чунин ҳодисаҳо рӯй медиҳанд, ки суффикси «-ак» ба сиғаи номуайяни феъл, пешояндҳои таркибӣ ва дигар калимаҳои ёридиҳанда мепайвандад:
Аз омаданат тоза бишуд доғи дили ма,
Аз рафтанакот мурд чироғи дили ма.
Як дашти калон боша, нигоҳи ту кунум,
То канда шава доғи ту ай ин дили ма.
Суффикси «-ак» дар рубоӣ инчунин ба калимаҳои ёридиҳанда ҳамроҳ мешавад: «Монандаки моҳи нав пайдо шавӣ-чӣ!» Ба сифати мураккаб ҳамроҳ шуда, вайро ба исм табдил дода, образи яклухти бадии ба вуҷуд меоварад: «каҷакриш», «курта-сурхак», «сабзиназанак», «сиёҳчашмак».
Дар рубоиҳои халқӣ масъалаи вариантнокӣ аҳамияти калони илмӣ дорад. Ҳалли ин масъала ба муайян намудани макони пайдоишу процессори таърихии паҳншавии рубоиҳо ва нусхаҳои аслии онҳо ёрии калон мерасонад. Пайдоиши вариантҳо, агар аз як тараф ба шароити зиндагӣ ва таъсири муҳити атроф вобаста бошад, аз тарафи дигар ба хусусиятҳои шахсӣ ва вазъияти рӯҳии гӯяндагон алоқаманд аст.
Тадқиқи вариантнокии рубоиҳои халқии тоҷик нишон дод, ки матни машҳуртарин рубоиҳо устуворӣ ва ба осонӣ тағйир наёфтан хос аст. Рубоиҳое зиёданд, ки хурдтарин кӯшиши «таҳрири адабӣ» мавзунию мукаммалӣ, равшании фикр ва аникии ифодаро дар онҳо барҳам медиҳад. Аксарияти ин рубоиҳо «тағйирнопазир» одатан муҳимтарин ҳодисаҳои ҳаётро инъикос мекунанд, бинобар ин ҳам онҳо дар байни халқ дар шакли устувор васеъ паҳн шудаанд. Дуруст аст, ки баъзе ин қабил рубоиҳо дар ноҳияҳои гуногуни республика бо таъсири шева ё ягон сабаби дигар ба тағйироте дучор шудаанд, дар онҳо баъзе калимаҳо иваз шудаанд, вале асоси рубоӣ дигар нашудааст.
Баробари ҳамин бисёр рубоиҳо дар давоми мавҷудияти худ ба тағйиротҳои гуногун дучор мешаванд ва таъсири ин тағйирот ба мазмуни рубоӣ ҳархела аст. Дар баъзе мавридҳо дигар шудани як сатри пурра мазмуни асосии рубоиро тағйир намедиҳад, вале баъзан, баръакс, тағйири як, ду ё се калима ба мазмун тобиши нав медиҳад.
Як қисм рубоиҳо дар натиҷаи тағйир ёфтани исмҳои хос, иваз шудани номи маҳал ва вақти амалиёт вариантҳо пайдо мекунанд. Масалан, дар як вариант гуфта мешавад, ки воқеа дар Дарвоз рӯй додааст, дар варианти дигараш ҳамин воқеа

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё