Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

дар Кӯлоб мегузарад. Дар як вариант амалиёт дар қишлоқ рӯй диҳад, дар варианти дигар айни ҳамон воқеа дар кӯҳсор ё худ дар соҳили дарёе ба амал меояд. Дар як вариант воқеа ё ама­лиёт нисфирӯзӣ ба вуқӯъ ояд, дар варианти дуюм бегоҳӣ ё пагоҳии барвақт зикр мешавад. Қаҳрамони лирикии як вариант духтаракест, ки воқеа аз забони ӯ нақл мешавад, дар варианти дигар онро ҷавонписаре иваз мекунад.

Дар замони мо ба шарофати барҳам хӯрдани мулки хусусӣ, ташкил гардидани колхозҳо ва ҷорӣ шудани меҳнати коллек­тивӣ мардуми меҳнаткаш аз қайди гуруснагиву мӯҳтоҷӣ озод гардид. Ба туфайли ҳамаи ин ҳодисаи дар ҷустуҷӯи кор ба ҷой­ҳои дигар сафар карда, азобу машаққат дидани деҳқонон ба таври абадӣ аз байн рафт. Аз тарафи дигар, дар натиҷаи дар оилаи бародарии халқҳои Иттифоқи Советӣ ба роҳи сохтмони коммунизм дохил гаштани халқи тоҷик, мустаҳкам шудани му­носибатҳои зичи иқтисодӣ ва маданӣ дар байни халқҳои мам­лакати сермиллати мо мафҳум ва маънои ватан барои меҳнат­кашони имрӯза комилан тағйир ёфт. Агар онҳо дар гузашта ва­тан гуфта танҳо зодгоҳи худро фаҳмида бошанд, дар солҳои Ҳокимияти Советӣ ин калима барои онҳо тамоми Мамлакати Социалистии моро ифода мекардӣ шуд. Бинобар ин ба сабаб­ҳои гуногун: барои хондан, хизмат кардан ба сафи Армияи Со­ветӣ ва ҳатто барои зиндагӣ кардан ба ҷойҳои ҳамвори серза­мину сероб ва деҳоти худ рафтани мардум дар рубоиҳо ҳамчун ҳодисаҳои хурсандибахш тасвир мешаванд.

Роҳҳои зиёди мошинагард, роҳҳои оҳан ва ҳавоӣ мардуми кӯҳистони тоҷикро аз азобу хатар халос кард. Дар натиҷаи ба таври васеъ ҷорӣ шудани воситаҳои гуногуни алоқа, почта, телеграф, телефон бе ному дарак дар мулкҳои дури бегона гум шуда рафтан барин ҳодисаҳо барҳам хӯрд. Ба ин муносибат мавзӯи ғарибӣ аз байн рафт. Дар назми имрӯзаи халқӣ дигар шикояти мусофир ва хешовандони ӯ ифода намеёбад, баръакси ин рубоиҳо як навъ дилпурӣ ва хотирҷамъии хешовандони марди мусофирро акс мекунанд.

Аксарияти рубоиҳои нав низ чун рубоиҳои замонҳои гузашта дар мавзӯи муҳаббат ва оила гуфта шудаанд, вале ин мавзӯъ дар онҳо тасвири бакуллӣ фарқкунанда дорад. Ҳаёти нав ва тадбирҳои Ҳокимияти Советӣ доир ба таркиби нави никоҳу талоқ барои аз реша дигар шудани муносибатҳои оилавӣ дар шаҳру деҳот ва нест шудани урфу одатҳои фоҷиаангези замони гузашта роли калон бозид. Муносибати ҷавонон ва ҷавондухтарон дар асоси баробарҳуқуқӣ ҷорӣ шуд. Акнун ҷавонон бо як навъ ифтихор ва сарфарозӣ изҳор мекунанд, ки дар арзи муҳаббату интихоби ёр ба онҳо ҳеҷ чиз монеъ шуда наметавонад:

Оина ба дасти рост мегирам ма,
Ёр аз тарафи шумост, мегирам ма.
Не муфтию не қозию не ҷуфти гувоҳ,
Ёракма рӯйрост мегирам ма!

пешина
аз 295
навбатӣ