Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
Рубоиҳо чунин як ҳодисаи навро тасвир мекунанд, ки ҷавонон ҳангоми интихоби ёр хислатҳои тозаи маҳбуба (ё маҳбуб) - ашонро ба эътибор мегиранд. Ин хислатҳо аз муносибати онҳо ба меҳнат, дониш, Ватан ва ин гунаҳо падид меоянд. Ба корҳои ҷамъият ва колхоз фаъолона иштирок доштани духтарон барои ҷавонон мояи ифтихор аст.
Образи зани озоду соҳибҳуқуқ, ки кору ҳаёти ӯ ба дил шавқу сурур мебахшад, мавзӯи як силсила рубоиҳои нав қарор гирифтааст. Ҷойи ин хел зан майдони меҳнат буда, ҳаёташ бо ҳаёти ҷамъият маҳкам пайвастааст:
Эй духтараке, бароят деҳқонӣ кунам,
Дар бирғади ту дарому ҷуфтронӣ кунам.
Ҳаргоҳ, ҷӯра, бар сари корам оӣ,
Аз шавқи дил бар ту ғазалхонӣ кунам.
Муносибатҳои ҷавонон бисёр хислатҳои тозаи дар шуури меҳнаткашони деҳот ба зуҳур омадаро акс менамоянд. Ҷавонон ба манфиати тамоми ҷамъият меҳнат мекунанд ва манфиати ҷамъиятро аз ҳама боло мегузоранд.
Аз рубоиҳои замони советӣ сурати ҷавонони аз кору бори худ, аз ҳаёти худ розию сарфарозе, ки «тоқии сари абру, қалам бари даст» ва «китоб зери бағал» саргарми кореанд ё ҷавонони хизматнишондодае, ки сари синаашонро мукофотҳои ҳукуматӣ оро медиҳанд, ба пеши чашм меояд: «Бача, бача, тоқии нав дар саракут, Ду медали аскарӣ дар пеши барут»
Манзараи рӯбарӯшавии дилдодагон низ тағйир ёфтааст. Рубоиҳо мулоқоти дилдодагонро дар ҷойҳои аз назар пинҳон: паси теппа, лаби чашма, таги дарахт ва ё дар оғӯши шаб не, балки дар ҷойҳои ба чашм намоён, алалхусус дар майдону заминҳои колхоз тасвир мекунанд:
Хезен-хезен, нигоҳ кунен, теппаҷара,
Заминҳои кишткории котиббачара.
Котиббачае, аспи қизилта садка!
Қамчинзаниҳои рӯи зинта садка!
Персонажҳои рубоиҳои нав, пеш аз ҳама, намояндагони он гурӯҳҳои иҷтимоианд, ки дар деҳоти тоҷик маҳз дар натиҷаи ғалабаи Инқилоби Октябр ва ҳукмрон шудани муносибатҳои тозаи ҷамъиятӣ ташаккул ёфта, дар ҳаёти деҳқонони колхозӣ мавқеи муҳим ишғол намудаанд. Ин гурӯҳҳо зиёиён, роҳбарони колхозҳо, механизаторҳо, комсомолон ва коркунони советию партиявианд.
Рубоиҳои нав на фақат тағйироти бузургеро дар ҳаёти моддӣ ва маънавии мардум, инкишофи шуур ва ҷаҳонбинии оммаи меҳнаткашро ифода мекунанд, балки дар баробари ин бисёр аломатҳои наҷиберо акс менамоянд, ки дар хислат ва рафтори одамони имрӯза зоҳир гардидааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё