Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
АДАБИЁТ
- Фолклори тоҷик, Сталинобод, 1957.
- Намунаи фолклори диёри Рӯдакӣ. Душанбе, 1963.
- Фолклори сокинони саргаҳи Зарафшон. Сталинобод, 1960.
- Намунаи фолклори Дарвоз. Душанбе 1962.
- Фолклори Норак. Душанбе, 1963.
- В. Асрорӣ. Намунаи рубоиёти халқии замони советии ҳавзаи Зарафшон. Маҷмӯаи илмии Ин-ти педагогии ба номи Т. Г. Шевченко, ҷ. 4., Сталинобод, 1954.
- Р. Амонов. Лирикаи халқии тоҷик. Душанбе, 1968.
ЛАТИФА
Латифа жанри ҳаҷвии фолклори тоҷик мебошад. Ин жанр на танҳо дар байни халқи тоҷик, балки дар байни халқҳои мамлакатҳои Шарқи Наздику Миёна хеле машҳур аст. Латифа калимаи арабӣ буда, маънои латиф, нозукро дорад, яъне бо сухан лутф кардан, нозукбаёнӣ, зарофатгӯй дар жанри латифа ҷои асосиро ишғол менамояд.
Латифа нақли кӯтоҳест, ки дар он воқеа зуд сар шуда ва зуд бо ханда ба охир мерасад. Латифаро дар фолклори рус анекдот меноманд, ки тамоми хусусиятҳои латифа ва анекдот як хел аст.
Дар адабиёти классикии тоҷик ҳикоятҳои хурди ҳаҷвӣ, тамасхуромез, хандаовар гуфта мешуданд, ки онҳо бо номи «ҳикоят», «мутоиба» бештар маълум буданд. Аммо дар баробари ин латифаро дар адабиёти китобӣ гоҳо зарифа, базла, аҷиба низ номидаанд. Мафҳуми «латифа» ба маънои имрӯзааш асосан аз асри XIII сар карда дар эҷодиёти Саъдӣ, Ҳофиз, Убайдии Зоконӣ мушоҳида мешавад. Чунончӣ: «Шабҳои дароз нахуфтаме ва базлаҳо ва латифаҳо гуфтаме»1. Ё ин ки: «Яке латифа гуфтан бубарӣ ҳазор дилро, на чунон латиф бошад, ки диле нигоҳ дорӣ»2. Дертар истилоҳи «латифа» дар адабиёти китобӣ бештар маълум гардида, таҳти унвони «Латоиф-ут-тавоиф» маҷмӯаи латифаҳои Мавлоно Фаҳриддини Алии Сафӣ нашр мешавад. Аммо дар байни халқ бештар истилоҳи «матал» ва «матали афандӣ», «қиссаи афандӣ», «ҳикояти афандӣ» серистеъмол буд. Танҳо дар солҳои баъди Революсияи Октябр ба муносибати нашри махсуси латифаҳо истилоҳи жанрии латифа муайян ва устувор гардид.
Таърихи жанри латифа ва нашри он. Таърихи жанри латифа бо таърихи ҳаҷву зарофатгӯии халқи тоҷик ва таъсири он ба адабиёти китобӣ алоқаи узвӣ дорад. Ҳанӯз пеш аз ба вуҷуд омадани адабиёти хаттӣ ҳаҷв дар ҳаёти ҷамъиятӣ мавқеъ дошт, зиддият ва муносибати байни табақаҳои иҷтимоиро ифода
1 Саъдии Шерозӣ, «Гулистон», М., 1959, саҳ. 303.
2 Луғатнома, таълифи Алиаскар Деҳхудо. Теҳрон, 1334 ҳиҷрӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё