Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

мекард. А. В. Луначарский хусусияту моҳияти таърихии ҳаҷвро чунин ифода кардааст: «Этнография маълумот медиҳад, ки ҳанӯз дар пояҳои басе оддии маданият хандаи муташаккиле мавҷуд буд, ки ба воситаи вай дар он замон зиддияти як қавм ба қавми дигар ё як авлод ба авлоди дигар ифода мешуд: ду авлод ҳамдигарро ба мунозираи ханда даъват мекард»1.

Аз рӯи баъзе осори хаттии қадим маълум мегардад, ки латифа ва баъзе унсурҳои ин жанри ҳаҷвӣ дар замонҳои то истилои араб дар байни мардуми Мовароуннаҳр ва Хуросон маълум будааст. И. С. Брагинский дар асари худ қиссаи «Бозургон ва ҳемелгарӣ марворид»-ро ба асос гирифта, қайд мекунад, ки нақлу ҳикоятҳои суғдӣ ба жанри латифа хеле шабоҳат доранд»2.

Дар замони ҳукмронии Сосониён нақлу ҳикоятҳои халқӣ ҷамъ карда шудаанд, ки дар байни онҳо латифаҳо низ дучор мешаванд. Масалан, маҷмӯаҳое, ки нақлу ҳикояҳои халқиро дар бар гирифтанд, инҳоанд: «Пандномаи Озарбод», «Пандномаи Анушервон», «Пандномаи Бузургмеҳр», «Ҳазор афсона», «Ҳикоёт ва латоиф» ва ғайра. Аммо дар замони ҳукмронии халифаҳои араб ин маҷмӯаҳо несту нобуд шудаанд. Бо вуҷуди ин баъзе сюжетҳои нақлу ривоятҳо ба воситаи гӯяндагони халқӣ минбаъда ба адабиёти китобӣ — ба асарҳои шоиру нависандагон ва муаррихон дохил шуда, то замони мо омада расидаанд, ки дар ин бора «Сиёсатнома»-и Низомулмулк, «Қобуснома»-и Кайковус (асри XI), «Ҳадиқат-ул-ҳақоиқ»-и Ҳаким Саноӣ, «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт»-и Муҳаммад Авфии Бухороӣ (асри XIII) «Синдбоднома»-и Заҳирии Самарқандӣ (асри XIII), «Маснавӣ»-и Ҷалолиддини Румӣ (асри XIII), «Бӯстон» ва «Гулистон»-и Саъдӣ (асри XIII), «Рисолаи дилкушо»-и Убайди Зоконӣ (асри XIV), «Баҳористон»-и Ҷомӣ (асри XV), «Латоиф-ут-тавоиф»-и Мавлоно Фахриддини Алиӣ Сафӣ, «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт»-и Фахрии Ҳиротӣ, «Ҷомеъ-ут-тамсил»-и Муҳаммад Ҳабалурдӣ (асри XVI), «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш (асри XIX) ва ғайра шаҳодат медиҳанд.

Ҳаҷвияҳое, ки дар замони ҳокимияти хилофати Аббосиён машҳур буданд, ба эҷодиёти мардуми Мовароуннаҳр ва Хуросон таъсир расонидаанд. Дар ҳамин вақт нахустин маҷмӯаи латифаҳо таҳти унвони «Наводир-ул-Чӯҷа» нашр карда мешавад. Қаҳрамонҳои нақлу ҳикоят ва латифаҳои ин давр Чӯҷа, Баҳлул, Туфайли мебошанд, ки дар фолклори халқҳои Шарқи Наздику Миёна мавқеъ пайдо карда буданд. Дар асрҳои XIII—XIV ҳаҷвӣ дар шакли латифа боз инкишоф меёбад. Яке аз сабабҳои инкишофи латифа ва умуман ҳаҷвияҳо дар он аст, ки дар ин давр дар як қатор вилояту музофотҳои тобеи хилофати араб (Хуросону Мовароуннаҳр) ҳаракату ҷунбишҳои сиё-

1 А. В. Луначарский. Собр. сочинений, Т. 8, М., 1967, стр. 534.
2 И. С. Брагинский. Из истории таджикской народной поэзии, стр. 213—214.

пешина
аз 295
навбатӣ