Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

си ва афкори иҷтимоӣ ба вуҷуд меоянд. Барои мардуми Мовароуннаҳру Эрон асрҳои XIII—XIV ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ, ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ аз асрҳои вазнинтарин буданд. Дар ин давра зулму ваҳшонияти муғулҳо ниҳоят авҷ мегирад, ҷангҳои дохилии ҳокимони маҳаллӣ мардумро хонавайрон месозанд. Дар адабиёти китобӣ ва дар эҷодиёти даҳонии халқ дар ин замонҳо ҳаҷвгӯӣ, хандаи тамасхуромез дар шакли нақлу ҳикоятҳои хурд бештар ба вуҷуд меоянд, ки мавзӯъ ва мазмуни онҳо аз ҳаёти воқеӣ гирифта шудаанд. Латифа ҳамчун як жанри адабии оммавӣ ва мароқангез беш аз пеш мавқеи васеъ мегирад ва махсусан бо мубрам будани мавзӯъ ва мазмуни худ диққати аҳли адабро ба худ ҷалб менамояд. Ин буд, ки Фахриддин Алии Сафӣ латифаҳои замони худро ҷамъ карда, онҳоро таҳти унвони «Латоиф-ут-тавоиф» китобат мекунад (с. 1533). Яке аз сарчашмаҳои дигари барҷаста ва машҳури латифаҳо «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт» мебошад, ки дар асри XIX аз тарафи Фахрии Ҳиротӣ китобат карда шудааст.

Латифа асосан дар замони советӣ аз байни халқ ҷамъ карда шуда, дар шакли махсус китобат карда мешавад. Соли 1939 нахустин маҷмӯаи латифаҳои тоҷикӣ аз чоп мебарояд. Ҷамъкунанда ва ба чоп тайёркунанда шоир Абдусалом Деҳотӣ мебошад. Баъд аз он дар як чанд маҷмӯаҳои фолклорӣ намунаҳои латифаҳои халқӣ чоп карда мешаванд. Дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ латифаҳои зиёде дар шакли дастнавис маҳфузанд, ки ҳанӯз нашр нашудаанд.

Мавзӯъ, мазмун ва ғояи латифаҳо. Латифаҳои тоҷикӣ аз ҷиҳати мавзӯъ ба се гурӯҳи асосӣ ҷудо мешаванд:

  1. Латифаҳое, ки ба мавзӯъҳои иҷтимоӣ бахшида шудаанд. 2. Латифаҳое, ки мавзӯъҳои зиддидиниро дороанд. 3. Латифаҳое, ки мавзӯъҳои ахлоқиро аз бар кардаанд.

Дар латифаҳое, ки дар мавзӯъҳои иҷтимоӣ эҷод шудаанд, ба муқобили беадолатӣ ва нобаробарии иҷтимоӣ, зулму истисмори синфҳои ҳукмрони ҷомеаи феодалӣ эътироз баён карда шуда, шоҳу амирон, феодалому амалдорон ва азёну ашроф ҳаҷву тамасхур карда мешаванд. Мазмуни ин гурӯҳи латифаҳо аз фош кардани кирдори атвор, хислату ахлоқи нопоку нафратангези табақаҳои болоии ҷамъият иборат мебошад.

Маълум аст, ки таърихи халқи тоҷик аз таърихи муборизаҳои меҳнаткашон барои озодӣ, истиқлолият ва ҳаёти хушбахтона бар зидди зулму истисмор иборат аст. К. Маркс ва Ф. Энгельс муборизаҳои синфии ҷомеаи антагонистиро муайян намуда, қайд кардаанд, ки «Одами озод ва ғулом», асилзода (патриций) ва омӣ (плебей), помещик ва крепостной, усто ва шогирд, хулоса, золим ва мазлум байни худ ҳамеша дар ҳолати антагонистӣ буданд, муборизаи доимии гаҳе ошкору гаҳе пинҳонӣ мебурданд...» Ин зиддият ва мубориза, агар аз як тараф

1 К. Маркс и Ф. Энгельс. Избр. произв. В трех томах. Т-1, М., 1966, стр. 107.

пешина
аз 295
навбатӣ