Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

ба воситаи шӯришу исёнҳои мазлумон зоҳир гардида бошад, аз тарафи дигар, ба воситаи эҷодиёти бадеии халқ, аз ҷумла, ба воситаи жанри ҳаҷвии латифа низ инъикос шудааст.

Дар латифаҳои дорои мазмуни иҷтимоӣ адовати синфӣ, ғояи ғалабаи ҳақиқат, адолат, тантанаи ақлу ҳунару меҳнат, ҷасорату виҷдони пок ва ғайра ифода гардида, ба муқобили намояндагони синфҳои ҳукмрон образи одамони меҳнатӣ, қаҳрамони халқ Мушфиқӣ ё Насриддин амал мекунад. Амалиёти ӯ хусусияти ҷамъбастӣ дошта, нуқтаи назари иҷтимоию эстетикии халкро ифода менамояд.

Латифаҳое, ки ба мавзӯъҳои иҷтимоӣ оиданд, ба муқобили рафтору кирдори синфҳои ҳукмрони ҷамъият: шоҳону амирон, давламандону амалдорон равона шудаанд. Аз мазмуни ин гурӯҳи латифаҳо пай бурдан душвор нест, ки халқи меҳнаткаши тоҷик нисбат ба синфҳои золиму истисморкунанда чӣ нафрату адовате доштааст. Ҳаҷву тамасхури тунду тези зидди зулму истибдод, зидди ҷоҳилию бетамизии шоҳону амирон ва дарбориёну ҳокимони феодалӣ аз муборизаи оштинопазири антагонистии ҷамъияти феодалӣ шаҳодат медиҳад. Латифа ҳамчун жанри ҳаҷвии дорои хусусияти хос, ки ба воситаи кинояву маҷоз ва зарофати басе нозук ҳақиқати ҳаёти ҷамъияти синфии сохти феодалиро фош менамояд, дар асоси як диалог, як эпизод ва як хулосаи кӯтоҳи расвокунанда мундариҷаи аники ҳодисаи ҳаётиро дарбар мекунад. Дар латифаи «Худои 17999 олам» зулму золимӣ ва харобие, ки амиру шоҳон ба сари мардум овардаанд, дар диалоги байни амири Бухорову Мушфиқӣ дар хулосаи латифа аз забони Мушфиқӣ чунин баён мешавад:

«Рӯзе амири Бухоро ба Мулло Мушфиқӣ гуфт:

— Агар ман як рӯз тахти худамро ба ихтиёри ту супорам, дар ҳаққи ман чӣ гуна дуо мекунӣ?

— Дуо мекунам, ки худои 17999 олам ба шумо амириин охиратро бахшад... (яъне бимиред).

— То ҳол, — гуфт амир, — мардум дар вақти дуо «Худои ҳаҷдаҳ ҳазори олам» мегуфтанд, ту чаро як оламро кам кардӣ?

— Зеро як олам мамлакати шумо буд, ки аз «шарофати» ҳукмронии шумо тамоман несту нобуд шуд ва дар натиҷа 17999 олам боқӣ монд.

Дар латифаҳои тоинқилобии тоҷикӣ зиддиятҳои антагонистии халқи меҳнаткаш ва синфҳои ҳукмрони ҷамъият бештар дар шакли адовати ошкоро ва тамасхури ҷасурона ифода мегардад. Ҳар боре, ки шоҳ, амир ва аъёну ашроф Мушфиқӣ, Хоҷа Насриддин ё персонажи мусбати дигарро барои хушҳолию хушнудии табъи худ ва аҳли дарбор масхараву таҳқир кардани мешаванд, ақлу хиради халқ ба воситаи қаҳрамонҳои маҳбуби латифаҳои халқӣ ғалаба мекунад. Дар хотимаи латифа қувваи маънавии халқ, бузургию шикастнопазир будани ғояи мубориза тантана мекунад. Мо инро, махсусан, дар латифаҳое, ки бо номҳои «Шутур дар ҳаммом», «Баҳои ҳақиқии амир Темур»,

пешина
аз 295
навбатӣ