Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

«Либоси хосаи Амир», «Чорпо менамоед», «Пешгоҳ-нишин шудагӣ», «Нашинохтаанд», «Ду хара борро бардошт», «Барои чӣ қилро кашид?», «Тухми мурғ чист?», «Аблаҳи якум», «Дар мушт санги осиёбро пинҳон кардаед», «Абдуллохон чӣ мегирад?», «Ях хурӯс ҳам лозим аст», «Кӣ шумшакл будааст?», «Аз адлу инсоф баҳравар шаванд», «Пешкаши Афандӣ», «Кӣ зӯртар аст?», «Гов бад аст ё гӯсола?», «Ғуломи корчаллон» ва монанди инҳо машҳуранду персонажҳои манфиашон шоҳ, амир ва аъёну ашроф мебошанд, хубтар мушоҳида мекунем.

Дар латифаҳои мазкур ва боз якчанд латифаи дигар мавзӯи ҳаҷв нодонӣ, ҷоҳилӣ ва бефаросатии шоҳон мебошад, ки халқ муносибати худро ба воситаи воқеаҳои хандаовари дар латифаҳо тасвиршуда баён намуда, нуктаи назари худро бо заҳрханда ҷамъбаст мекунад. Ин латифаҳо ҳақиқати ҳоли шоҳон, дарбориён ва аъёну ашрофро, ки одамони оддии меҳнатиро таҳқир менамуданд, фош мекунанд. Масалан, латифаи «Мушфиқӣ дар ҳузури амир» аз ин ҷиҳат хеле характернок аст: «Рӯзе Мушфиқӣ дар назди подшоҳ нишаста буд. Дар ҳамин вақт удаичии подшоҳ ярлике оварда ба дасти Мушфиқӣ дод. Мушфиқӣ ярликеро хонда дид, ки подшоҳ дар бораи ӯро ба харҳо сардор кардан фармон баровардааст.

Мушфиқӣ монанди амалдоршудагон мӯҳри ярликро ба чашмонаш молида, худи вайро ба печи саллааш халонид ва аз ҷояш хеста, ба тарафи подшоҳ се бор таъзим кард ва аз подшоҳ болотар гузашта нишаст. Подшоҳ тааҷҷуб карда гуфт:

— Аз таъзимот маълум мешавад, ки аз ин амали ба ту додаам хеле хурсанд шудаӣ, аммо сабаби аз ман болотар нишастанро нафаҳмидам.

Мушфиқӣ ҷавоб дод:

— Ҷаноби олӣ бо ин меҳрубонии худ худашонро ҳам тобеи ман кардаанд. Бинобар ин бо ҳукми олӣ ҳақ дорам, ки аз зоти олӣ болотар нишинам.

— Мушфиқӣ! — гуфт подшоҳ дар ғазаб шуда, — ту бетамизиро аз ҳад гузаронидӣ, намедонам байни туву хар чӣ қадар фарқ бошад?

Мушфиқӣ бо ваҷабаш байни ҷои нишасти худ ва подшоҳро андоза карда дида гуфт:

— Фақат як ваҷаб фарқ будааст».

Дар латифаи «Кӣ зӯртар аст?» дар бораи қувваву иқтидори халқи меҳнатӣ, ки истеҳсолкунандаи неъматҳои моддӣ аст, сухан меравад ва шоҳу амирон, ки худро тавоною тахту тоҷи худро асоси иқтидори давлати худ медонанд, бо ҳақиқати реалии ҳаёт, бо далели одилона тамасхур карда мешавад: Амири Бухоро аз Мушфиқӣ мепурсад, ки: — «Ман зӯрам ё подшоҳи ҳамсоя? Мушфиқӣ дар ҷавоб мегӯяд» — Агар гап дар болои борбардорӣ бошад, аз дуи шумо ҳам хари ман зӯртар аст, ки вай як ман борро мебардорад, аммо ҳеҷ кадоми шумоён ним ман бор ҳам бардошта наметавонед. Агар гап дар болои мағлуб кардани

пешина
аз 295
навбатӣ