Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
душманон равад, аз дуи шумо ҳам деҳқони хокпош зӯртар аст, зеро агар деҳқон ба шумоён гандум надиҳад, ҳам шумо ва ҳам подшоҳи ҳамсоя аз гуруснагӣ мемуред».
Дар қисми дигари латифаҳо, ки дар мавзӯъҳои иҷтимоӣ гуфта шудаанд, аъёну ашроф, давлатмандон, савдогарон ва амалдорони ҳукумати амирию подшоҳӣ ҳаҷву мазоҳ карда мешаванд. Ин навъ латифаҳо дар асоси воқеаҳои реалии ҳаёт ва муносибати синфии табақаҳои иҷтимоии ҷамъияти феодалӣ ба вуҷуд омадаанд. Дар латифаҳои мазкур воқеаҳои тасвиршуда бештар дар атрофи як ғоя — фошкунии симои нокасию хасисии синфии доро ва беадолатии иҷтимоии ҷамъияти феодалӣ гирд оварда шудаанд. Ҳарчанд воқеаҳо хусусияти ҳаётӣ-маишӣ доранду муносибатҳо дар шакли инвидуалӣ тасвир шудаанд, вале дар ҳаллу ҷамъбасти ғоявии онҳо ҳаҷвиёти халқ манфиати синфҳои мазлумро ифода намуда, нафрату адовати одамони оддӣ нисбат ба золимону истисморкунандагон хеле тезу тунд садо медиҳад. Масалан, дар латифаи «Саллау ҷомаи ошхӯрӣ» нобаробарии иҷтимоӣ фош карда шуда, ба муқобили ақидаю назари таҳқиромези аристократӣ нисбат ба камбағалу бечорагон эътироз баён карда мешавад. Дар латифаи «Луч гӯронед ҳам, мешавад» бошад, дар баробари нишон додани хасисию золимии бой, ятимеро бераҳмона истисмор кардани ӯ низ фош мешавад. Латифа чунин аст: «Ятиме аз хӯҷаинаш пурсид:
— Хӯҷаин, агар ман мурам, чӣ хел мегӯронед?
— Чӣ хел мегӯронам? — гуфт хӯҷаин, — чор газ карбос мегираму кафан дӯзонда, мурдаатро ба вай печонда, ба мазор мефиристонам, ба гӯре метиққонанд мемонанд-дия!
— Ин тавр бошад, — гуфт ятим, — биёед, хӯҷаин, дар вақти зиндагиам ба ман якта куртаю эзори карбос дӯзонда дихеду баъд аз мурданам луч гӯронед ҳам, майлаш!»
Дар бобати ҳаҷву тамасхури боён ва давлатмандон латифаи «Гадо ва духтари бой» басе санъаткорона эҷод шудааст. Махсусан хотимаи латифа, ки аз забони гадо гуфта мешавад, бо нафрату адовати махсусе садо медиҳад:
«Гадо ба тағи дарвозаи як бой омада, як порча нон талаб кард. Духтари бой, ки дар хасисӣ фарзанди падараш буд, баромада гуфт:
— Ба роҳат рафтан гир, дар хона нон нест!
Гадо камтар намак пурсид. Духтар гуфт:
— Намак ҳам нест!
Гадо гуфт:
— Хайр, андак об биёр, ки ҳалқам қоқ шудааст, тар кунам.
Духтар гуфт:
— Машкоб ҳанӯз об наовардааст.
Гадо гуфт:
— Модарата гӯй, аз вай чизе пурсам, шояд ӯ ба ҳоли ман раҳм кунад.
Духтар ҷавоб дод:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё