Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
— Ба сари яке аз ҳамсояҳои мо рӯзи сахте афтидааст, модарам барои тасаллодиҳӣ он ҷо рафт.
Гадо гуфт:
— Ҳеҷ рӯз сахттар аз ин рӯзи шумо намешавад, ки дар хонаатон ақаллан об ҳам надоред. Бояд ҳамсоятон барои тасаллодиҳӣ ба хонаи шумо меомад.
Ба ҳамин тариқ, мавзӯъҳои иҷтимоӣ дар латифаҳои тоҷикӣ зиддияти синфии ҷамъияти феодалӣ ва муборизаи ғоявии халқи меҳнаткашро ба муқобили синфи истисморкунанда ифода менамоянд.
Як қисми зиёди латифаҳои тоҷикӣ дар мавзӯи зиддидинӣ, махсусан, дар ҳаҷву танқиди рӯҳониён гуфта шуданд. Азбаски сӯфӣ, имом, қозӣ, шайх, эшон, муфтӣ ва дигар мансабдорони дини ислом дар рафтору гуфтори худ фиребу найрангҳои бисёре доштанд ва мардумфирибӣ мекарданд, ихлоси мардум ба дину шариати ислом ва ходимони он торафт бештар суст гардида, нобоварии одамон ба гуфтаҳои онҳо зиёдтару устувортар мешуд. Бинобар ин дар латифаҳо хандаи тамасхромез ва истеҳзои ошкоро нисбат ба масҷид, намоз, рӯза, худою пайғамбар, биҳишту дӯзах, қуръон, каъба ва тавофи он ва ғайра хеле вусъат ёфта, як сикли махсуси латифаҳоро дар бар гирифтааст. Масалан, дар латифаҳои зерин объекти хандаи тамасхромез қарор гирифтани кирдукори рӯҳониёни ислом ва қонуну қоидаҳои мусулмонӣ равшан мушоҳида мешавад:
«Раиси шаҳр Мушфиқиро дар кӯча дошта пурсид:
— Намози бомдод чанд ракаат?
Мушфиқӣ гапашро гум карда:
— Ҳашт ракаат, таксир, — гуфта фиристод.
Раис ба одамонаш фармуд, ки Мушфиқиро луч карда, даҳ дарра зананд. Мушфиқӣ дар зери шаллок дод мезад. Зани Мушфиқӣ, ки дар пушти дарвоза истода буд, гуфт:
— Муред шумо мардаки беҳуш! Охир чор ракаат гӯед, наменашуд?
Мушфиқӣ занашро хоҳиш карда гуфт:
— Дам шав, занаки беақл, ҳашт ракаат гуфта-ку, даҳ дарра хӯрдам, агар чор ракаат гӯям, албатта, бист дарра мезананд, ки мурда мемондам».
«Падари Мушфиқӣ молу ашъёи бисёре дошт. Вақте ки вай мурд, қозикалони шаҳр Мушфиқиро чеғ зада пурсид:
— Аз падарат чиҳо мерос монданд?
Мушфиқӣ гуфт:
— Аз падарам бисьёр чиз мерос монд, аммо аз меросхӯрҳо фақат шумо катӣ ман мондем».
«Аз Мушфиқӣ пурсиданд:
— Кас дар дунё чӣ кор кунад, ки нағз рӯз бинад?»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё