Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
Мушфиқӣ гуфт:
— Дар вақти ҷавониаш фиребгарӣ, дуздӣ карда, дар калонсолиаш шайх ё эшон шавад».
«Мушфиқӣ ҳар боре ки бемор шавад, хешу таборҳояшро ҷеғ зада, васият мекард:
— Аҳволам бад шуда истодааст. Агар мурам, албатта, мурдаи маро дар ягон гӯри кӯҳна ба латтапораҳои кӯҳна печонда гӯронетон!
Вақте ки хешу таборҳояш сабаби ин корро пурсиданд, Мушфиқӣ ҷавоб дод:
— Мункару Накир омада пурсиданӣ шаванд, «Маро кайҳо пурсида рафта будед-ку, магар намебинед, ки гӯру кафанам кӯҳна аст?» гуфта, аз пурсиш халос мехӯрам».
«Дар вақти таҳорат об ками карда, як пои Афандӣ ношуста монд. Вақте ки вай ба масҷид даромад, ҳамон пои ношустаашро аз замин қариб як газ бардошта истода намоз хонд. Фориғи намоз имом хоҳиш карда пурсид:
— Афандӣ, ин чӣ гуна намозхонӣ?
— Таксир, — гуфт Афандӣ, — ин намозхонии касе, ки як пояш бетаҳорат мондааст».
Ин навъ латифаҳо хеле бисёранд ва дар онҳо симои ҳақиқии рӯҳониён бо ҳар роҳ фош карда шуда, нафрату адовати халқ ифода гардидааст. Латифаҳои зиддидинӣ далели равшани аз тарафи халқ пай бурда тавонистани қабоҳату разолати рӯҳониёни мутаассиб мебошанд.
Латифаҳое, ки дар мавзӯъҳои ахлоқӣ гуфта шудаанд, миқдоран низ хеле зиёд буда, дорои аҳамияти тарбиявӣ мебошанд. Дар ин навъ латифаҳо камбудию нуқсонҳои одамон, монандӣ: хасисӣ, дурӯғгӯӣ, соддалавҳӣ, нодонӣ, танбалӣ, буздилӣ, шитобкорӣ ва ғайра танқиду ҳаҷв карда шудаанд, ки мисолҳои зерин аз қабили онҳо мебошанд:
«Як дурӯғгӯӣ ними шаб бар болои бомаш баромада, фарёд зад:
— Ҳой, мардум, хонаам сӯхт, мадад кунед!
— Ҳамсояҳо, аз хоб хеста, ба кӯзаю сатилҳо об пур карда, белу каландҳо бардошта, ба тарафи хонаи ӯ давиданд, аммо диданд, ки ҳеҷ ҷои хонааш насӯхтааст. Ҳамсояҳо «боз дурӯғгӯӣ кард-дия» гуфтанду рафтанд.
Як шаб хонаи дурӯғгӯӣ дар ҳақиқат сӯхт ва дурӯғгӯӣ ҳарчанд фарёд зад, касе ба ёрии вай нарасид, зеро ҳамаи ҳамсояҳо фикр мекарданд, ки боз дурӯғгӯӣ карда истодааст. Хонаи дурӯғгӯӣ сӯхта хокистар шуд».
«Афандӣ зан гирифт. Дар шаби никоҳ дар ҳавлии арӯс ҷӯраҳояш вайро ош хӯрданӣ намонданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё