Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
— Дар шаби никоҳ дар ҳавлии арӯс дар пеши меҳмонҳо ош хӯрдани домод айб аст, — гуфтанд.
Афандӣ, ки гурусна буд, аз ин кори ҷӯраҳояш дар қаҳр шуда, дар кунҷе бо димоғи сӯхта нишаст. Вақте ки меҳмонон ошро хӯрда тамом карданд ва дастархон ғундошта шуд, касе аз ҷониби кудоҳо гуфт:
— Канӣ, домод, акнун марҳамат карда ба пеши арӯс дароед, мешавад.
Афандӣ сарашро набардошта бо қаҳр гуфт:
— Ба пеши арӯс ош хӯрдагиҳо дароянд!
«Як табиб ҳар вақт, ки аз назди гӯристон мегузашт, рӯяшро бо бари ҷомааш пӯшида мегузашт. Рӯзе як ҳамроҳаш сабаби ин ҳолро аз вай пурсид. Табиб гуфт:
— Ман аз мурдаҳои ин гӯристон шарм мекунам, чунки аксарияти онҳо аз дорую давои ман мурдаанд».
«Як кӯкнорӣ ба сукут рафта, аз кӯкнории дигар пурсид:
— Ҷӯра, ин қадар ки мардум ба замин мех мезананд, хоки ҷои ин меҳҳо куҷо меравад-а?
Кӯкнории дигар гуфт:
— Хоки ҷои ин меҳҳо так-таки замин ба ҳар тараф рафта, аз ҳар ҷо дамида мебароянду теппаҳо аз ҳамон хокҳо пайдо мешаванд».
Баъзе латифаҳо ба тарзи масал гуфта шудаанд ва дар онҳо ҳам зарофатгӯӣ, хандаву табассуми маънидор, ҳазлу шӯхӣ ва ҳаҷву тамасхур мавқеи асосиро ишғол кардаанд: «Рӯбоҳ ба ҳавлие даромад ва дар тори дарахт хурӯсеро дид. Хост ба ҳиллае хӯрӯсро поён фарорад ва нӯши ҷон кунад. Пас ба хӯрӯс гуфт:
— Ҷаноби муаззин, акнун поён фуроед, ҳамроҳ намоз хонем.
Хӯрӯс гуфт:
— Каме сабр кун, имом биёянд.
Рӯбоҳ пурсид:
— Имом кист?
— Имом сағи тозии ҳамсоя.
Рӯбоҳ номи сағро шунида:
— Набошад ман то омадани имом дурусттар таҳорат кунам, — гуфту ғайб зад».
Образ ва персонажҳои латифаҳои тоҷикӣ. Образ ва персонажҳои анъанавии ҳаҷвии латифаҳои тоҷикӣ асосан Хоҷа Насриддин, Афандӣ ва Мушфиқӣ мебошанд. Ин образҳо хеле машҳур буда, аксарияти латифаҳои тоҷикӣ бо номи онҳо алоқаманданд.
Хоҷа Насриддин (Мулло Насриддин, Насриддин Афандӣ). Ин ном дар латифаҳои бисёр халқҳо, аз ҷумла: туркҳо, озариҳо, ӯзбекҳо, тоҷикон, арманҳо, форсҳо, халқҳои Кавкази шимолӣ, руминҳо, сербҳо ва ғайра дучор мешавад. Хоҷа Насриддин ҳамчун шахси таърихӣ дар асри XIII, дар замони ҳукмронии

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё