Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
муғулҳо, дар замоне, ки салҷуқиҳо дар ҳолати инқироз буданд, зиндагӣ ба сар бурдааст. Олимон соли вафоти ӯро 1284—85 мелодӣ мешуморанд, аммо соли таваллудаш ҳанӯз пурра муайян нашудааст. Тадқиқотчиён муайян кардаанд, ки қабри Хоҷа Насриддин дар Оқшаҳр ном музофоти Туркия аст. Дар як ҳуҷҷати таърихӣ қайд шудааст, ки Хоҷа Насриддин ҳамчун шоҳид дар назди қозие баромад мекунад ва ӯ ҳамчун шахси донишманд зикр шудааст. Дар бораи Хоҷа Насриддин фикру мулоҳизаҳои тадқиқотчиён гуногун буда, яке ӯро шоир, дигаре мударрис мепиндоранд. Тадқиқотчӣ Муфтӣ Ҳасан дар солҳои ҳаштодуми асри XIX шахсияти Хоҷа Насриддинро тадқиқ намуда, ба хулоса меояд, ки ӯ дар соли 605 ҳиҷрӣ дар деҳаи Ҳорто (Туркия) таваллуд шудааст. Падараш Абдулло ном дошта, имом будааст, баъд ӯ ба Оқшаҳр кӯчида рафтааст. Дар нақле гуфта мешавад, ки зани Хоҷа Насриддин дар деҳаи наздики Оқшаҳр (Акшихер) Қоз-азач гӯронида шудааст. Оқшаҳриён аз ҳамватани худ Хоҷа Насриддин ифтихор карда нақл мекарданд, ки ӯ шеърҳои лирикӣ ҳам менавиштааст. Дар як ҳуҷҷати дигар гӯё оварда шудааст, ки Хоҷа Насриддин мударрис буда, дар яке аз мадрасаҳои шаҳри Қайсар, ки он дар замони салҷуқиҳо хеле шӯҳрат ёфта будааст, дарс медодааст.
Яке аз муҳаққиқони Хоҷа Насриддин академик Вл. Гордлевский навиштааст: «Латифаҳои Хоҷа Насриддин аввалин бор дар Туркия дар асри XVI навишта гирифта шудаанд. Дар дастхати туркие, ки дар Истамбул маҳфуз аст, агар иштибоҳе нашуда бошад, ба номи Хоҷа Насриддин ҳамагӣ чор латифа қайд шудааст»1.
Ба ҳамин тариқ, аз тадқиқоти олимон хулоса мебарояд, ки гарчанде Хоҷа Насриддин шахси таърихӣ аст, вале халқҳо вайро ба образи ҷамъбастии идеалии худ табдил дода, ба воситаи ӯ ба муқобили ҳама гуна иллату разолату қабоҳати ҷамъияти феодалӣ мубориза бурдаанд, ҳамаи санъати зарофатгӯии худро дар симои ӯ гирд овардаанд ва билохир вай образи маҳбуби ҳаҷвии халқҳо гардидааст.
Дар бисёр латифаҳо ба ҷои Хоҷа Насриддин Афандӣ, ё Насриддин Афандӣ ё танҳо Афандӣ омада, бори дигар образи ҷамъбастӣ гардидани Хоҷа Насриддинро собит менамояд.
Мушфиқӣ. Қаҳрамони дигари латифаҳои тоҷикӣ Мушфиқӣ мебошад, ки он прототипи шоири машҳури тоҷик Абдураҳмон Мушфиқӣ (1538—1588) аст. Шоир Мушфиқӣ дар замони шайбониҳо дар Бухорою Самарқанд умр ба сар бурдааст. Мушфиқӣ бисёр шеърҳои ҳаҷвӣ навиштааст ва услуби ҳаҷвиёти ӯ, мавзӯъ ва мазмуни онҳо ба халқ хеле наздику мафҳум мебошанд. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки Мушфиқӣ дар байни мардум шӯҳрат пайдо карда ва дар жанри латифа ҳамчун пер-
1 В. А. Гордлевский. Анекдоты о Ходжи Насриддине, М., 1957. стр. 242.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё