Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
сонажи мусбат дохил гардидааст. Дар ин хусус байти худи шоир, ки дар он ҳамчун ҳаҷвгӯй дар байни халқ машҳур гардиданашро зикр мекунад, низ шаҳодат медиҳад:
Дар ҳаҷв чунон ки ҳар чӣ гуфтам,
ЯК-ЯК ҳама шӯҳраи диёр аст.
Аз ин гуфтаи Мушфиқӣ хулоса баровардан мумкин аст, ки ӯ ҳанӯз дар вақти дар қайди ҳаёт буданаш дар байни мардуми диёраш шӯҳрат ёфта будааст. Аммо Мушфиқӣ ба сифати образи ҳаҷвии фолклорӣ бештар дар байни халқи тоҷик машҳур аст ва мавқеи географии ӯ нисбат ба мавқеи географии Хоҷа Насриддин ва Афандӣ маҳдуд мебошад. Хоҷа Насриддин ва Афандӣ на танҳо дар байни халқҳои Осиёи Миёна ва Қавказ, балки берун аз ҳудуди ин кишварҳо ҳам маъмул ва машҳуранд.
Хоҷа Насриддин ҳатто дар мамлакатҳои аврупоӣ ҳамчун образи ҳаҷвӣ шӯҳрат ёфтааст.
Пеш аз ба вуҷуд омадани образҳои Хоҷа Насриддин, Афандӣ ва Мушфиқӣ дар адабиёт ва фолклори форсу тоҷик ва араб образҳои ҳаҷвии Абунуввос, Чӯҳӣ, Туфайли, Баҳлул, Талҳак машҳур буданд ва ҳикояту латифаҳо аз номи онҳо ё бо иштироки онҳо нақл карда мешуданд. Пас аз дар байни халқҳо машҳур гардидани образҳои ҳаҷвии Хоҷа Насриддин (Мулло Насриддин), Афандӣ ва Мушфиқӣ (Мулло Мушфиқӣ), ки ин ҳодиса дар давоми асрҳо (XVII-XIX) ба вуҷуд омадааст, аксарияти латифаҳои пешина ва латифаҳои наврӯ ба номи ин қаҳрамонҳои нави фолклорӣ мегуфтагӣ шуданд ва дар натиҷа ҳоло қариб ҳамаи латифаҳои халқӣ аз номи ҳамин се персонаж нақл карда мешаванд.
Бояд қайд кард, ки дар латифаҳое, ки имрӯзҳо низ ба вуҷуд меоянд, персонажҳои анъанавии Хоҷа Насриддин, Афандӣ ва Мушфиқиро дучор кардан мумкин аст.
Ба ғайр аз персонажҳои машҳур ва анъанавии Хоҷа Насриддин, Афандӣ, Мушфиқӣ дар латифаҳои тоҷикӣ якчанд персонажи маҳаллӣ дучор меоянд, ки онҳо ба номи ин ё он маҳал вобаста буда, ҳудуди географияшон хеле маҳдуд аст. Масалан, дар Бухоро ширинӣ, дар Самарқанд маҳаллатӣ, дар Хуҷанд (Ленинобод) рӯмонӣ, дар Қаротегину Дарвоз дарвозӣ ва ғайра.
Пайдоиши ин навъ латифаҳо шояд ба ягон ҳодиса ва ё ба хислати ягон шахси ба маҳалҳои мазкур муносибатдошта алоқаманд бошад, ки асоси объекти латифаҳои минбаъда гардидааст. Дар аксарияти латифаҳои маҳаллӣ, ки персонажи ҳамешаамалкунандаи онҳо ё ширинӣ ё маҳаллатӣ ё рӯмонӣ, ё дарвозӣ мебошад, соддалавҳӣ, гумроҳӣ, гӯлӣ барин хислатҳо боиси ханда гардидаанд ва ханда хусусияти ҳазлу шӯхӣ дорад.
Дар латифаю ҳикоятҳои ҳаҷвии маҳаллӣ номҳои одамони
чудогона, монанди: Бердӣ Охун, Мамадсолеҳ, Юсуф Қизик,
Акон Нағзибек, Ризоқули Ҷонсарак ва ғайра низ дучор мешаванд,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё