Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

ки бо рафтору кирдорашон дар латифаю ҳикоятҳои халқӣ ҳамчун персонажҳои доимӣ дохил шудаанд.

Дар латифаҳои тоҷикӣ ҳамчун персонажи ҳаҷвӣ гоҳо кал ва кӯса низ дучор мешаванд, ки онҳо бештар дар афсонаҳои ҳаҷвӣ мавқеъ доранд.

Ягона персонажи ҳаҷвии манфӣ, ки халқ бо истеҳзою тамасхур дар бораи он нақл мекунад, махсум (махдум) мебошад, ки байтҳои зерини халқӣ ба таври ҷамъбаст хислати ин образро ифода мекунад:

Тарҳи оламро чу меандохтанд,
Аз дусад магзоба махдум сохтанд.

Шоир Абдусалом Деҳотӣ қайд кардааст, ки дар Бухоро ва Самарқанд писарони муллоҳоро махсум (махдум) мегуфтанд. Махдумҳо дар миёни халқ ба беақлӣ ва бемазагӣ шӯҳрат ёфта буданд ва дар бораи онҳо ин шеъри халқӣ машҳур аст:

Аз дусад ман қанд махсум сохтанд,
Нуктадонҳо хӯрда мегуфтанд: «Фач!»

Ба ҳамин тариқ, образ ва персонажҳои мусбати латифаҳои тоҷикӣ, хоҳ онҳо таърихӣ-анъанавӣ бошанду хоҳ маҳаллӣ маҳсули эҷоди бадеии халқ буда, ҳамчун образҳои ҷамъбастшудаю баркамол на танҳо дар инкишофи ҳаҷвиёти халқ мавқеи муҳим пайдо кардаанд, балки дар давоми асрҳо ҳамчун образҳои дӯстдоштаи фолклорӣ ақлу хирад ва табъи латифу зарифи халқи меҳнаткаши тоҷикро ифода карда, ба муқобили душманони синфии вай ба сифати аслиҳаи мубориза хизмат кардаанд.

АДАБИЁТ

  1. С. Маҳдиев. Таърихи пайдоиши образи Хоҷа Насриддин. Дар маҷмӯаи «Армуғони олимони ҷавон», Душанбе, 1966.
  2. С. Маҳдиев. Проблемаи жанри латифа, Душанбе, 1977.
  3. В. Асрорӣ. Ҳаҷв дар адабиёти тоҷик. Дар китоби «Халқ ва адабиёт», Душанбе, 1968, саҳ. 113.
  4. В. А. Гордлевский. Анекдоты о Ходже Насреддине, М., 1957 г.
  5. Латифаҳои тоҷикӣ. Ҷамъкунанда А. П. Деҳотӣ, Сталинобод, 1954.
  6. Заҳрхандаи Мушфиқӣ, Душанбе, 1960.
  7. Расво шуданд. Тартибдиҳанда Баҳром Шермуҳаммадов, Душанбе, 1964.

АФСОНА

Афсонаҳои халқӣ ва афсонагӯйҳо. Афсона яке аз қисмҳои асосии эҷодиёти даҳонакии халқро ташкил медиҳад. Ин жанр дар ҳаёти маънавии мардум аз замонҳои қадим мавқеи муҳим ишғол карда омадааст. Дар гузашта афсонагӯй ва афсонашунавӣ дар шаҳру деҳот, дар байни табақаҳои гуногуни ҷамъият, бачагону занону мардон ба таври васеъ ҷорӣ буд.

пешина
аз 295
навбатӣ