Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Дар соатҳои дамгирӣ, дар вақтҳои аз кору бори зиндагӣ фориғ гардидани мардум (махсусан шабҳои дарози айёми зимистон), дар маъракаҳои зиёфат, меҳмондорӣ афсонагӯй зуд-зуд ба миён омада меистод. Азбаски ҳар кас, ҳанӯз аз бачагӣ ба донистани афсона завқманд мегардид, вай метавонист дар мавридаш як ё якчанд афсона нақл кунад. Бо вуҷуди ин, агар дар маърака ягон гӯяндаи хуб ҳузур дошта бошад, ҳозирон ба ӯ муроҷиат карда илтимос мекарданд, ки афсонае гӯяд. Репертуари ин гуна одамон одатан бой буд. Онҳо муддати дароз шунавандагонро машғул карда метавонистанд ва дар ҳузури онҳо ба шахсони дигар эҳтиёҷе пайдо намешуд.

Ҳар як гӯянда дар нақли афсонаҳо аз рӯи ҷаҳонбинӣ, тинат ва хулқу атвори худ амал мекунад. Ин хусусиятҳо ҳам дар тарзи гуфтор ва ҳам дар репертуар ва мазмуни афсонаҳое, ки ӯ нақл мекунад, падид меояд.

Баъзеҳо дар нақли афсонаҳои пандомез ва афсонаҳои саргузаштию пур аз ҷангу мубориза ҳунарманданд. Ин қабил гӯяндаҳо соатҳои дароз орому осуда, одатан бо қиёфаи ҷиддӣ ба нақл кардан машғул шуда, бо ҳамроҳии қаҳрамонони афсонаҳо ҳаёти шунавандагонро ба манзили ҷину деву парӣ, ба шаҳрҳои дури ба андозаи ҳайратовар ободу зебо, қасрҳо ва боғҳои дар зери замин воқеъшуда раҳнамун мекунанд. Дар репертуари онҳо афсонаҳои дарози печ дар печи сервоқеаю сермоҷаро мавқеи асосиро ишғол менамоянд.

Гӯяндаҳое низ бисёр вомехӯрданд, ки овози хубе доранд ва нақл карда истода, сурудҳои афсонаҳоро месароянд. Вобаста ба ин, репертуари онҳо бештар афсонаҳои суруддорро дар бар мегирад. Аксарияти ин гурӯҳ гӯяндаҳо дар айни замон ҳофиз буда, сурудҳои халқиро низ иҷро мекарданд.

Як қисми афсонаҳои суруддор монанди «Тоҳиру Зӯҳро», «Тошӣ», «Девонаҳусайнӣ» одатан мазмуни ишқӣ-романтикӣ дошта, ҳолу аҳвол ва орзую омоли одамони дар кӯи муҳаббат афтода ва азобу машаққат кашидаро ифода мекунанд. Қаҳрамони онҳо бештар заноне мебошанд, ки дар бораи нокомию номуродии худ бо сӯзу гудоз сурудҳо мехонанд. Ин сурудҳо умуман аҳволи рӯҳияи занони беҳуқуқи тоҷикро дар гузашта ба хубӣ ифода мекарданд ва ба ин сабаб афсонаҳое, ки ба сурудҳо фаро гирифта мешуданд, дар репертуари занон мавқеи хосе ишғол намудаанд. Ғайр аз ин бисёр афсонаҳои дар бораи ҳайвонот, ки бештар аз тарафи кӯҳансолон ба бачагон нақл карда мешаванд, сурудҳо доранд.

Одамоне дучор мешаванд, ки ҳамчун гӯяндаҳои афсонаҳои ҳаҷвӣ машҳур гардидаанд. Ин қабил афсонагӯйҳо шахсони табиатан шӯх буда, нақли худро чунон тартиб медиҳанд ва тарзе ҳикоя мекунанд, ки маъракаро беихтиёр завқу ханда фаро мегирад: тез ва босуръат ва бештар бо овози баланд сухан ронда, бо ҳар гуна ҳаракатҳо рафтори қаҳрамонони афсонаҳоро хеле ғалатӣ ва хандаовар карда нишон медиҳанд.

пешина
аз 295
навбатӣ