Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

ФарҳангАдабиётАфсона
Аз аввал хондан

Яке аз гӯяндаҳои ҳаҷвнигор сокини деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Москва Оқилов Саидамир аст. Оқилов одатан чорзону нишаста мегирад ва даст ба рӯи зонуҳо гузошта, гоҳе ба дастони худ такякунон каме ба пеш ҳам шуда, чашм ба рӯи шунавандагон дӯхта нақл мекунуду ба мақсади ба як тарзи ғалати манзур кунонидани рафтори персонажҳои афсона ҳолатҳои гуногун аз худ зоҳир мекунад. Чунончи, дар вақти гуфтани афсонаи «Рӯбоҳи заррин» изтироби қалбакии осиёбонро, ки рӯбоҳ гандумашро медуздад, таъкидкунон қиёфаи ҷиддӣ ва пурташвиш ба худ гирифта, баъд чӣ тавр дастгир шудани рӯбоҳро гуфта истода, дар ин маврид ба пеш ҳам мешавад ва дастонашро мисли сайёде, ки бо чолокии ҳайратовар сайди зираку ҳушёрро дастгир менамояд, ба ҳаракат меандозад. Баъди ин қоматашро рост карда, чашмонашро калон кушода, аз барои шикор ба ваҷд омадани калакро тасвир менамояд. Рӯбоҳ таслим мешавад — Саидамир дастонашро ба рӯи сина гузошта, таъзимкунон дуққат мешавад. Рӯбоҳ ба иҷрои фармони кал ҳозир аст (ҷиҳт истод) — Оқилов дастон ба паҳлу часпонида, лаҳзае чун солдат назди офицер шах шуда меистад.

Гӯяндаҳои ҳаҷвнигор боз як хусусияти дигар доранд: онҳо кӯшиш мекунанд, ки хислатҳои хоси ин ва ё он персонажро ба ҷилва оранд. Чунончи, агар сухан дар бораи пиразан равад, манаҳашонро монанди пиразанони бедандон ҷунбонида, тарзи гуфтори ӯро тақлид мекунанд. Дар забони онҳо хусусияти лаҳҷаҳои дигар, ҷиҳатҳои хоси нутқи намояндагони табақаҳои гуногуни ҷамъият, одамони маъюб: дудук, гунг, кар ва монанди инҳо ифода мегардад. Ба ин восита онҳо афсонаҳоро бо лавҳаҳои зиндаи драмавӣ фаро гирифта, шунавандагонро ба шавқ меоранд.

Нақли гӯяндаҳои афсонаҳои ҳаҷвиро сар то сар ҳазли ширинну нозук фаро мегирад. Онҳо худ аз корҳои ғалатии қаҳрамононҳои афсонаашон шавқ гирифта, ҷиҳатҳои хандаовари ин корҳоро таъкид карда, аз таҳти дил механданд. Дар оҳанги гуфтори онҳо аз аввал то охир ана ҳамин ханда падид омада, ба маърака сироят мекунад.

Дар баробари ин бисёр гӯяндаҳо дар вақти нақл кардан як хислати махсус аз худ зоҳир мекунанд. Нутқи онҳо чунон тез ва бошиддат аст, ки сару рӯяшонро арақ пахш карда, маҷбур мешаванд, ки гоҳе камтар дам гиранд. Онҳоро дар ин маврид гӯё ба ҳоли худ раҳмашон омада, баланд ва бадард уфф ас карда мемонанд ва ин ҳам сабаби завқу хандаи шунавандагон мегардад. Баъзеҳо суханони махсусан хандаоварро такроран баён мекунанд ва дар вақти нақли ҷойҳои бағоят хандаовари воқеаҳо дастонашонро ба ҳаво бардошта, қаҳ-қаҳ хандида, каф ба пӯи зону задан мегиранд.

Ҳамин хел таъсирнокии афсонаҳо ба ҳунари гӯяндаҳо алоқаи зич дорад.

Хусусияти жанри афсона. Ҳикояҳои хурди пандомез дар бораи

пешина
аз 295
навбатӣ