Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

ҳайвонот, ҳикояҳои дарози пур аз воқеаҳои ғайритабиӣ, ҳикояҳои саргузаштӣ дар бораи одамонии шӯху зираку айёр афсона номида мешаванд. Фолклоршиноси рус В. В. Померанцева, ки бисёр солҳо ба тадқиқи афсонаҳои халқии рус машғул шудааст, фарқи афсонаҳоро аз нақлу ривоятҳои таърихӣ ва динӣ қайд карда менависад: «Аз тарафи гӯянда ҳамчун бофтаи бадии, ҳамчун хаёлоти аҷибу ғариб ба шунаванда пешниҳод шудан ва аз тарафи шунаванда маҳз ҳамин хел фаҳмида шудани афсона хусусияти хоси онро ташкил медиҳад»1.

Дар афсона даъвои ҳаққонӣ будани ҳодисаҳои тасвиршуда ҷой надорад. Ҳам гӯянда ва ҳам шунаванда бовар намекунад, ки мӯйсафеде ба муш ишқ мебандад, мушаку ғамбусак бо ҳам зиндагӣ мекунанд, буз суруд мехонад, лаклак рӯбоҳро ба меҳмонӣ таклиф мекунад, шамъдон қаср месозад, ҷони дев дар даруни кабутар аст, дастархон нозу неъмат ато мекунад, гилем ба парвоз меояд, рӯбоҳ ба тилло табдил меёбад ва ғайра. Аммо ин ҳаргиз он маъноро ифода намекунад, ки афсона аҳамияти ҳаётӣ надорад, он бо ҳодисаҳои зиндагӣ беалоқа аст. «Дар ҳар як афсона унсурҳои ҳақиқат ҷойгир аст», — навишта буд В. И. Ленин2. Мардум ба воситаи афсона барои беҳтар шудани зиндагӣ кӯшиш кардаанд, ба муқобили қувваҳои бадӣ мубориза бурдаанд, накӯкорӣ ва инсофу адолатро тарғиб намудаанд, ҷосорату диловарӣ, муборизаҳои шадидро барои озодии инсон мавриди ситоиш қарор додаанд.

Афсона ҳамин вазифаи худро аз давраҳои қадим адо карда омадааст, вале вазифаашро дар ҳар давра, аз рӯи тақозои шароитҳои таърихӣ тағйир дода, ба тасвири тамоилҳо ва масъалаҳои муҳими ҳамон давр саъй карда, ба-дин минвол осори замонҳои гуногун ба худ гирифта, инкишоф ёфта омадааст. Афсонаи машҳури халқи тоҷик «Чӯбаки сандалвор», ки зотан дар давраи гузариши ҷамъиятии инсонӣ аз формацияи модаршоҳӣ ба падаршоҳӣ ба миён омадааст, одатҳои модаршоҳӣ, алалхусус, хоҳиши хоҳари худро ба занӣ гирифтани бародарро ҳамчун одати нопок ба зери танқид гирифтааст. Дар афсонаи «Булбулаки саргашта» осори одамхӯрӣ барин одати одамҳои ваҳшӣ дар гузаштаи дур боқӣ мондааст. Замони феодализм ба жанри афсона тағйироти муҳим дохил мекунад: афсонаҳои нав эҷод мешаванд, манзараҳои реалии зиндагӣ ва унсурҳои ҳаёти маишӣ дар афсона мавқеи бештаре ишғол мекунад, шиддати муборизаи синфӣ амиқтар акс меёбад. Дар як қисм афсонаҳо ҳодисаҳои сеҳрангез моҳияти пешинаи худро гум мекунанд, афсонаҳои оид ба ҳайвонот торафт бештар хусусияти тамсилӣ ба худ гирифта, ба ҳикояҳои пандомез табдил меёбанд.

Дар асрҳои миёна, ки давраи нашъунамои адабиёти классикии

пешина
аз 295
навбатӣ