Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

форсу тоҷик буд, таъсири адабиёт ба фолклор, алалхусус ба жанри афсона хеле вусъат меёбад.

Афсонаҳо дар бораи ҳайвонот. Ба ин гурӯҳ ҳикояҳои маҷозии омехтаи ҳазлу ҳаҷв ва ҳикояҳои шӯхиомези бачагонаи зимнан дорои панд дохил мешаванд, ки ба давраҳои аввали тараққиёти ҷамъияти инсонӣ, ба давраҳое, ки шикор манбаи асосии зиндагии одамон буда, ҳайвонот барои инсон чун манбаи асосии зиндагӣ аҳамияти махсус дошт, реша андохтаанд. Бинобар ин дар ин афсонаҳо осори ақидаҳои қадимӣ дар бораи хешии одам бо ҳайвонот, табдил ёфтани одам ба ҳайвон ва баръакс, яъне тотемизм, бо хусусиятҳои худ ба одам шабеҳ тасаввур карда шудани ҳамаи чизҳои олам, яъне анимизм, мавқеи асосиро ишғол менамояд.

Афсонаҳои дар бораи ҳайвонотро аз ҷиҳати мазмун ва услуб ба ду гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст.

Ба гурӯҳи якум афсонаҳое дохил мешаванд, ки дар онҳо воқеаҳои шавқовари саргузаштӣ тасвир гардидаанд. Бедона рӯбохро фириб дода, маҷбур мекунад, ки ба хуми пур аз ранги кабӯд афтода, ранги мӯяш тағйир ёфта, оҷизу хандаовар шавад (афсонаи «Бедона ва Рӯбох»), Рӯбох либоси шайхони парҳезгарро дар бар карда бедонаву мурғу хурӯсро ба доми худ гирифтор мекунад (афсонаи «Рӯбоҳи маккор»), Гунҷишк пахтапорае ёфта онро ресондаю бофондаю буррондаю дӯзонда, ба тани худ пӯшида, ба духтари подшоҳ хостгор мешавад (афсонаи «Гунҷишкак»). Ба пои хомӯшак хор мехалад. Ӯ назди буз, гург, сайёд, муш, гурба ва монандӣ инҳо рафта, илтимос мекунад, ки хорро аз пояш кашида гиранд. Онҳо намехоҳанд. Дар охир шамол бузро маҷбур мекунад, ки хори пои хомӯшакро хӯрад (афсонаи «Хомӯшак»).

Гурӯҳи дуюм афсонаҳои пандомез (як навъ масалҳои мансур)-ро дар бар мегирад. Аз ин афсонаҳо, аз ҳодисаҳое, ки дар онҳо тасвир мешаванд, хулосаи ҳикматноке ҳосил мегардад, панде ба миён меояд: марде морро аз оташ халос мекунад, мор дар касди ба ӯ заҳр задан мешавад. Афсона далолат мекунад, ки ба бадтинат некӣ кардан хатарнок аст (афсонаи «Деҳқон ва мор»). Дар афсонаи «Ҳезумкаш ва хирс» гуфта мешавад, ки осори захми табар мераваду осори захми сухан не. Ҳамон афсо-наи машҳури бачагонаи тоҷикӣ «Бузаки чингилапо» (ё «Бузаки чиннӣ-биннӣ») мазмуни зарбулмасали «Эҳтиёт — ними ҳаёт»-ро дар замир дорад.

Ҳайвоноти хурд: саъба, зоғ, занбӯр ва қурбоққа якҷоя шуда, филро аз по меафтонанД: хурдон муттаҳид шаванд, ба бузургон ғалаба мекунанд (афсонаи «Саъба ва фил»).

Дар афсонаи «Аз ҳама кӣ зӯр?» чунин фикр пеш ронда ме-шавад, ки оне, ки аз ҳама зиёд меҳнат мекунад, аз ҳама зӯртар аст:
— Мӯрча-ако!
— Лаббай!

пешина
аз 295
навбатӣ