Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

ФарҳангАдабиётАфсона
Аз аввал хондан

— Саратон чаро ин қадар калон?
— Аз бисёри давлатамон.
— Миёнатон чаро ин қадар борик?
— Аз бисёрии меҳнатамон».

Дар афсонаи «Мурғ, мурғобӣ ва муш» чунин хулоса ифода шудааст, ки ҳар кӣ меҳнат накунад, ба хӯрдан ҳақ надорад.

Як қисми афсонаҳои дар бораи ҳайвонот дар қадим моҳияти динӣ-тилисмӣ дошта, дар асоси ақидаҳои қадимии мифологӣ ба вуҷуд омадаанд. Қаҳрамонон онҳо ҳайвонҳои мавриди эҳтироми махсус қароргирифтае буданд, ки тасаввури ибтидоии одамонро дар бораи саравлод будани ин ва ё он ҳайвон (тотем) дар худ таҷассум мекарданд. Дар давраҳои баъдина бар зидди ин ақидаҳо афсонаҳои махсусе эҷод шудаанд. Чунончи, афсонаи «Деҳқон ва хирс» мазмунан бар зидди ақидаҳои тотемистӣ нигаронида шуда, фикри номумкин будани хешии одамро бо ҳайвонот пеш меронад. Дар ин афсона ақидаи қобили эҳтиром набудани хирс равшан ифода ёфтааст. Хирс вақти ҳосилғундорӣ ба назди як деҳқон омада, ба ҳосили кишти ӯ худро шарик эълон мекунад. Деҳқон бо ҳиллае хирсро ба даруни ках дарова- ронда, оташ мезанад. Дар нусхаҳои дигари ин афсона дар ин мавриди ҳиллаи зани зираки деҳқон ба кор меояд. «...Як замоне буд, ки зани деҳқон аз сӯи шаҳр доду фарёд зада омад. Фарь- ёд кард, ки:

— «Ҳеҷ хирс ва пои хирс надидӣ?
Хирс гуфт, ки:
— Эй ошно, маро ҷоғаҳ кун!
Деҳқон гуфт, ки:
— Охир, гӯшҳоят баланди мекунанд!
Хирс гуфт:
— Эй ошно, доси теза бигир, бибур!
Боз зани деҳқон гуфт, ки:
— Эй ошно, аз ҳамон ҷо ҳеҷ хирс нагузаштаст?
— Ҳе.
— Чӣ, дурӯғ мегӯӣ, ки пойҳояш дар рӯи шолианд?
Хирс гуфт:
— Эй ошно, бигир, поямро бибур!»

Ҳамин хел деҳқон пою биннӣ ва ниҳоят сари хирсро бурида аз он халос мешавад.

Аз ҷумлаи худоён тасаввур карда шудани хирс, ихлосу эҳти- ром ба он дар фолклори бисьёр халқҳо, махсусан халқҳое, ки шикор машғулияти асосии онҳост, ба таври васеъ акс ёфтааст. Ихлосу эҳтиром ба хирс мавзӯи хешии одамизодро ба ин ҳайвон ба миён овардааст.

Дар афсонаҳои халқҳое, ки дар соҳилҳои Амур зиндагӣ ме- кунанд, дар гузашта ба эҳтироми хирс идҳои махсус гузаронида мешудааст. Дар ин ид духтарон ба шарафи хирс мерақсидаан- ду сурудҳо мехондаанд. «Вале дар баробари ин, — қайд меку- над В. И. Чичиров, — одамон кӯшиш мекарданд, ки худро аз

пешина
аз 295
навбатӣ