Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
хирс эҳтиёт кунанд... Ба ин мақсад онҳо бинии хирсро мебуридаанд, то ки хирс бӯй карда кушандагони худро пайдо накунад, нохунҳои онро бурида мегирифтаанд, то ки бо нохунҳояш ба кушандагонаш зарар наоварад.1
Аз тарафи деҳқон бурида шудани гӯшу пою бинии хирс, ки ба ӯ таҳдид мекард, зоҳиран, бо ҳамин ақида алоқае дорад. Одам бовар мекардааст, ки хирс ҳатман зинда шуда, ба кушандааш зиёне мерасонидааст ва бар зидди ин зиён чора меҷустааст. Мо дар афсонаи мазкури тоҷикӣ инъикоси ана ҳамин ҳодисаро баҳубӣ мушоҳида мекунем.
Афсонаҳои оид ба ҳайвонот бо мурури замон хусусиятҳои қадимӣ, яъне тилисмӣ-мифологии худро гум карда, қисман ба ҳикоятҳои пандомез табдил меёбанд. Ин даъворо ҳамон афсонаи машҳур, ки дар бораи ёрии хирс аст, ба хубӣ исбот карда метавонад. Хирс ба ҳезумкаш ёрӣ расонида, ба ивази ин аз забони зани ӯ дар ҳаққи худ суханони носазое шунида, сахт меранҷад ва деҳқонро мефармояд, ки табар ба ҷабинаш занад:
«Ҳезумкаш гуфтааст:
— Ҳардуи мо ошноем, чӣ хел таварро худ мекунам, туро мезанам?!
Гуфтааст:
— Ё мезанӣ, ё мехурамат!»
Деҳқон бо тамоми қувваташ ба ҷабини хирс мезанад. Баъди чанд вақт онҳо бо ҳам во мехӯранд. Деҳқон мебинад, ки аз захми табар осоре дар ҷабини хирс намондааст. Ин воқеаро хулоса карда, хирс чунин изҳор менамояд: захми табар аз бадан мераваду захми гапи бад аз дил не.
Қисми асосии ин гурӯҳ афсонаҳо мазмунан ба ҳикоятҳои пандномаи машҳури ҳинд «Панчатантра» наздиканд ва аз эҳтимол дур нест, ки яке аз манбаъҳои онҳо ҳамин китоб аст. Агар ба мардуми тоҷик дар давоми асрҳо ба воситаи тарҷимаҳои форсӣ «Калилаву Димна» ва ё «Анвори Суҳайлӣ» дастрас будани «Панчатантра»-ро ба эътибор гирем, аз ҳақиқат дур набудани ин фикр худ аз худ маълум мегардад.
Яке аз машҳуртарин афсонаҳои бачагона, ки муносибати ду ҳайвони табиатан ба ҳам зид — гургу бузро тасвир карда, дар бисёр мамлакатҳо, аз ҷумла, дар Эрон низ (бо номи «Шангул ва Мангул») маъмул аст, дар ноҳияҳои шумолии Тоҷикистон ва дар Самарқанду Бухоро бо номи «Бузаки ҷингилапо» ва дар ноҳияҳои ҷанубӣ, аз ҷумла дар ноҳияҳои Кӯлоб бо номи «Бузакӣ ҷиннӣ-биннӣ» машҳур аст. Хонае нест, ки ин афсона гуфта нашавад ва одаме нест, ки ин афсонаро дар айёми кӯдакӣ аз забони модару модаркалонҳо борҳо нашунида бошад. Ин афсона аз ҳама бештар омӯхта ва нашр шудааст.
Буз ҳар рӯз ба саҳро рафта, барои фарзандонаш ба шохакаш алаф, ба даҳанаш об ва ба синааш шир меоварад ва вақте
1 В. И. Чичиров. Русское народное творчество. М., 1959, стр. 278.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё