Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
ки гурги баднафсу бераҳм бачагонашро хӯрда меравад, нотарсона ба хонаи гург рафта, онро ба майдони ҷанг даъват мекунад. Буз ба замми ин, маҳлуқи баҳиммату баодоб аст, ки ба хонаи усто аз шираш фатирҳои равғанин пухта мебарад. Ба туфайли ин хислатҳои вай ба гург ғолиб омада, бачагонашро халос карда мегирад. Дар ҳамаи нусхаҳои афсона хулқу атвори буз бо навозиш баён мешавад. «Чингилапо» номида шудани он филҳол бузаки шӯхи мӯи пойҳояш чингиларо ба хотир мерасонад. «Чинӣ-биннӣ» ҳамчун ишорае ба хурдии бинии буз навозишомез аст.
Ин афсона ба ҷумлаи афсонаҳои шеърдор дохил мешавад ва бузак муддаои худро бо шеър-суруд изҳор мекунад ва барои он, ки душманашро ба даҳшат андозад, шакли худро зишт карда нишон медиҳад:
Маюм бузи чиннӣ-биннӣ, Ду шох дорум, ду биннӣ Ҳар ду бинним хилминӣ, Ҳар ду шоҳум кирминӣ Кӣ хурдай, Алули ман?!
Кӣ хурдай Булули ман?!
Дар байни мардуми тоҷик инчунин афсонаи «Бибиганбусак» (Бибикунгузак, Бибигазмолак) машҳур аст, ки он дӯстию садоқатро тарғиб карда, бо суханони оддии соддадилона рашку ҳасад ва хиёнат барин хислатҳои зарарнокро маҳкум менамояд. Духтари мири мушон ба зиндагии якҷояи орому осудаи Мушу Бибиганбӯсак халал оварда, ба азобу машаққат гирифторашон мекунад. Вай Бибиганбӯсакро сӯзонда, ба об мепартояд. Гӯяндаҳо нолару зориҳои Ганбӯсакро аз даруни об ба раҳгузарон хеле таъсирбахш нақл мекунанд. Бибиганбӯсак аз даруни он як гурӯҳ аспсаворро дида, ба онҳо бо суханони зерин муроҷиат менамояд:
Эй тӯпи сувор, бар ту мегӯям,
Қамчингулинор, бар ту мегӯям;
Рафта ту мушакро бигӯ,
Ҳамелангушакро бигӯ,
Кулворбапуштакро бигӯ,
Асодармуштакро бигӯ.
Бигӯ: «Дӯсти азизи ту,
Боаклу ботамизи ту,
Афтода дар чӯи равон,
Кокулакош дар об давон.
Дар афсонаҳо шер, паланг, рӯбоҳ, гург, хирс барин ҳайвонҳои ваҳшӣ ва дарранда хислатҳои умумии ягон табақаи ҷамъият, алалхусус, табақаи истисморкунандаро акс мекунанд. Яке аз афсонаҳое, ки ҳиллагарии рӯбоҳро махсусан, равшан инъикос мекунад, бо номи «Рӯбоҳ ва Зоғ» машҳур аст, ки шоир Боқӣ Раҳимзода мазмуни онро истифода карда, достоне барои бачагон навиштааст. Рӯбоҳ дар қасди дастгир ва нобуд кардани

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё