Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

ФарҳангАдабиётАфсона
Аз аввал хондан

душмани қаттолаш зоғ афтода, худро «дар як роҳи васеъ ба мурда андохт. Зоғ аз тори ҳаво мегузашт, ки яке рӯбаро дид. Зоғ «падарнаҳлат, акнун туро мехӯрам» гуфту дар пеши рӯбаҳ фуромаду оҳиста-оҳиста наздик шуда омадан гирифт. Рӯбаҳ, ки дид, забонашро аз даҳанаш баровард. Зоғ омаду аз нӯги забо- наш задан гирифт, ки яке рӯбаҳ зоғро қап зад, гирифт».

Афсонаҳо рӯбоҳро ҳилагар, риёкор, бевафо, зирак ва бад- кирдор тасвир мекунанд. Рӯбоҳ барои қаноат кунонидани нафси худ аз ҳеҷ чиз рӯй намегардонад: фириб медиҳад, дуздӣ меку- над, дурӯғ мегӯяд, ба худ қиёфаҳои гуногун мегирад ва ба ива- зи ҳамаи ин кирдорҳои худ на ҳамеша ба ҷазо мерасад. Дар образи рӯбоҳ одатан шахсоне ба назар дошта мешаванд, ки ба муфтхӯрӣ одат кардаанд ва ба ҳеҷ меҳнат бо роҳи ҳилаю фириб аз нозу неъмати зиндагӣ баҳравар мешаванд.

Дар афсонаҳо, аввалан, хислатҳои табиии рӯбоҳ — ҳайвони ду- руст акс ёфтааст: вай чашмони ҳилагарона, думи дароз дорад, мурғҳои мардумонро медуздад, ба боғҳо даромада ангуру мева хӯрда меравад... Дар баробари ин, ба воситаи тасвири хислат- ҳои рӯбоҳ феълу атвори намояндагони табақаҳои паразитии ҷамъият мавриди диққат қарор мегирад.

Гург ҳамеша дар натиҷаи нодонӣ, соддалавҳӣ ва аҳмақии худ ба суханҳои маккоронаи рӯбоҳ бовар карда, ба доми ҳилаву найранги он гирифтор мешавад. Он аз ин ҷиҳат одамонеро ба хотир меорад, ки онҳоро ба осонӣ фириб дода, ба корҳои хатарнок фоида бурдан мумкин аст, одамонеро, ки дар натиҷаи нодонӣ ва аҳмақии худ мавқеи худро дар ҷамъият мустаҳкам карда натавониста, худро ба ҳалокат гирифтор мекунанд. Аммо, чӣ хеле ки маълум аст, характери персонажҳои афсонаҳои дар бораи ҳайвонот устувор нест ва шартист. Аз ин рӯ, гург дар баъзе афсонаҳо хислатҳои тамоман дигарро ба худ мегирад: қадру эътибори худро медонад, иззати нафси худро нигоҳ дошта метавонад, вай пуртоқат ва безарар, ҳатто носеҳ ва ахлоқомӯз аст. Ба ин ҳодиса, бешубҳа, ақидаҳои қадимии тотемистӣ таъсире дорад.

Дар қадим афсонаҳои дар бораи ҳайвонот аҳамияти истеҳсолӣ доштанд. Ба воситаи нақлҳо дар бораи ҳайвонон одамон хислатҳои ҳайвонҳои гуногунро ба ҳамдигар мефаҳмонданд ва дар вақти шикор ин хислатҳо ба эътибор гирифта мешаванд. Бо мурури замон вазифаҳо ва хусусиятҳои қадимии ин гурӯҳи афсонаҳо тағйир ёфт. Онҳо дар замони мо мақсад ва вазифаҳои муайяне ба худ гирифтаанд: масъалаҳои ахлоқӣ-тарбиявиро пеш меронанд. Аҳамияти онҳо дар тарбияи мардум, ки ҳанӯз аз айёми кӯдакӣ бо ин афсонаҳо шинос мешаванд, хурд нест.

Афсонаҳои сеҳрангез. Решаи ин гурӯҳ афсонаҳо ба давраҳои хеле қадим, ба ҷамъияти тосинфӣ рафта мерасад. Дар бунёди афсонаҳои сеҳрангез ақидаҳои қадимии инсон дар бораи ҳаёт ва табиат қарор гирифтааст, ки ин ақидаҳо, чунон ки гуфта шуд, дар адабиёти илмӣ «анимизм», «магизм» ва «фетишизм»

пешина
аз 295
навбатӣ