Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
номида мешаванд. Ин ақидаҳо ба ҳам алоқаи зич доштанд ва дар расму оинҳои истеҳсолии халқ ва урфу одатҳои оилавии онҳо: идҳо, тӯю мотам, маросимҳои тақвимӣ, меҳнатӣ ва монандӣ инҳо мавқеъ гирифта омадаанд.
Аз рӯи ақидаҳои анимистии мардуми тоҷик дунё бо рӯҳҳо — қувваҳои офарандаи бадӣ ва некӣ фаро гирифта шуда буд. Ба ҷумлаи рӯҳҳои нек париҳо, момоҳо, малоиқаҳо, фариштаҳо, бибиҳо (бибисешанбе, бибимушкилкушо), пирҳо ва ғайра дохил мешуданд. Дев, албастӣ, ғӯл, ҷин, аҷина, бало, шайтон ва монандӣ инҳо ба ҷумлаи қувваҳои бад дохил мешуданд. Дигар хел гӯем, пайдоиши афсонаҳои сеҳрангез ба давраҳое тааллуқ дорад, ки инсон сирри ба вуҷуд омадани ҳодисаҳоро намефаҳмид, дар майнаи он оид ба ҳодисоти олами беруна ақидаҳои хаёлӣ пайдо мешуданд. Инсон дар асоси ин ақидаҳо нуқтаи назари худро дар бораи баду неки ҷаҳон, ғаму андӯҳ, қисмату тақдир, дар бораи усулҳои бартараф сохтани машаққатҳои зиндагӣ, мағлубу мутеъ кардани қувваҳое, ки ба зиндагии он халал меоварданд, дар бораи ҳаёти фаровону хушбахтона изҳор менамуд. Дар давраҳои минбаъдаи тараққиёти ҷамъияти инсонӣ афсонаҳои сеҳрангез беш аз пеш унсурҳои ҳаёти воқеиро ба худ гирифта, муносибатҳои ҷамъиятиро нисбатан равшантар ва васеътар инъикос намуда, тағйиру табдил ёфтанд. Осори ақидаҳои гузаштагон ва тарзи зиндагии одамон дар қадим ҳоло дар афсонаҳо барои ифода намудани воқеаҳои ғалатӣ, аҷиботу ғаройбот ва ҷалб кардани завқу завқи шунавандагон хизмат мекунад. Чунончӣ, дар афсонаи «Рӯбоҳи заррин» осори ақидаи парастидани рӯбоҳ мушоҳида мешавад. Ин ақида ҳатто таъкид ёфта, нигоҳ доштани эҳтироми рӯбоҳ зарур ва муқаддас дониста шудааст. Парастори оилаи Қалаки осиён — рӯбоҳ рӯзе худро ба касалӣ меандозад. «Забонашро аз ҳалқаш берун карда, гоҳе нафас мебаровард, гоҳе дам ба дарун мекашид, ки бача (яъне Қалак) аз шикор омад. Омад, рӯбоҳро ба ин ҳол дида, ба занаш гуфт:
— Эҳ, бигир он сӯ! Ин рӯбоҳ, агар бимирад, ҳама бӯ мегирад, бигир, гумаш кун!
Рӯбоҳ чилангас аз ҷояш париду гуфт:
— Бар падарат ҳазор лаънат, ин қадар хизмати кардагии мо куҷо рафт! Агар ба шарте ҳам, ки мемурдам, дар ягон ҷояк дангалам мекардӣ, ҳеҷ гап набуд. Он сӯят охир бачаи кампири осиёбонак-дия! Ту куҷову қадри моро донистан куҷо!
— Эҳе, — гуфт духтари подшоҳ, — ин осиёбонак бошад, ман духтари подшоҳ бошам, дар дасти ин намеистам! Духтар почаи эзорро бар заду рӯбоҳ шуд.
— Э рӯбоҳ! — гуфт бача, — ба хоки поят бимурам, бирав, занамро пас гардон, то вақти мурданам пуштора карда мегардамат».
Рӯбоҳ рафта духтарро пас мегардонад.
Дар афсона ақидае таъкид гардидааст, ки эҳтироми саравлод

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё