Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

ва парастори худро ҳамеша ва дар ҳар сурат нигоҳ доштан зарур аст, ки баръакси ҳол аз лаззати ҳаёт маҳрум хоҳӣ шуд. Ин ақида дар ибтидо, албатта, бе ҳеҷ гуна ҳазлу шӯхӣ ифода меёфт ва дар аввалҳо худи афсона ҳам мисли ҳама гуна афсонаҳои сеҳрангез аз ҳазлу мазоҳ холӣ буда, тасаввуроти муайяни одамонро дар бораи тартиботи зиндагӣ ба таври ҷиддӣ акс менамуд. Баъдҳо, бо мурури инкишофи шуур ва ҷаҳонфаҳмии одамизод ақидаҳои ибтидоӣ хандаовар ба мавзӯи ҳаҷв табдил гардиданд.

Афсонаҳои сеҳрангез осори илоҳонидани қувваҳои табиат, мисли инсон соҳиби рӯҳу ақлу ҳуш тасаввур карда шудани предметҳо ва воқеаҳои табиат, парастори авлод тасаввур карда шудани намояндагони олами ҳайвонот ва набототро нисбат ба дигар гурӯҳҳо афсонаҳо бештар дарбар кардаанд.

Яке аз мотивҳои ба тотемизм алоқаманд мавзӯи ба ҳайвон табдил ёфтани инсон аст. Бо таъсири ин ақида афсонаи махсус ба вуҷуд омадааст: камбағалбача духтари подшоҳро ба занӣ гирифтанӣ мешавад ва подшоҳ ба ивази духтари худ аз ӯ аз худ карда омадани илми ба ҳайвонҳои гуногун табдилшавиро талаб мекунад. Бача ба хонаи ҷодугаре, ки устоди ин илм буд, рафта аз духтари ӯ таълим мегирад. Ҷодугар аз ҳодиса воқиф мешавад ва дар байни ӯ ва бача муборизаи сахт шурӯъ мегардад. Онҳо ба нобуд кардани ҳамдигар кӯшиш намуда, ҳар яке ба ҳайвон ва предметҳои гуногун: гов, асп, рӯбоҳ, гург, симурғ, дон ва ғайраҳо табдил ёфта, дар охир бача ғалаба мекунад: рӯбоҳ шуда, мурғ — ҷодугарро мехӯрад.

Дар афсонаҳо ақидаи динӣ дар бораи мавҷудияти ҳаёт дар дунёи дигар инъикос нашудааст. Умуман дар афсонаҳо дар бораи дӯзахъу ҷаннат сухан намеравад, вале мо осори ақидаеро оид ба зинда шудани мурда мушоҳида мекунем. Аммо ин зиндашавӣ на дар рӯзи қиёмат дар он дунё, балки дар ҳамин олами мавҷуда ба амал меояд: мурда зинда шуда, ба қаҳрамон ёрдам мекунад, шахси шаҳидшударо яке аз дӯстдоронаш чил рӯз бардошта мегардад ва баъзан, агар ӯ босаброна ин корро ба охир расонад, шаҳид зинда мешавад.

Ба фикри мо, сабаби дар афсонаҳо ба таври васеъ ифода нашудани боварӣ ба ҳаёти ондунъёӣ ва умуман ба дину шариат агар аз як тараф, хеле қадимӣ будани афсонаҳои сеҳрангезро исбот кунад, аз тарафи дигар, ба афсона таъсири чуқур нагузоштани дини исломро нишон медиҳад.

Аз ақидаҳои дини зардуштии дар афсонаҳо осори оташпарастӣ низ боқӣ мондааст. Мо дар афсонаҳо ифодаи эҳтироми махсусеро ба оташ мушоҳида мекунем. Дар афсонаи «Ҳафт додарон» духтар дар ҷустуҷӯи оташ ба хонаи девбарзангӣ рафта монда, ба ҷанғоли ӯ дучор мешавад, ки ин чиз эҳтиёт намудани оташро ташвиқ мекунад.

Дар ин гурӯҳ афсонаҳо инчунин эътикод ба гузаштагон, ба рӯҳи аҷдодон, парастида шудани онҳо, муносибатҳои модаршоҳӣ

пешина
аз 295
навбатӣ