Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

ва дигар хусусиятҳои тафаккури одамони қадим осори равшане дорад.
Дар афсонаи «Булбулаки саргашта» модари ӯгай ба хӯрдани гӯшти писарча майл мекунад, ки ин осори давраҳои ваҳшонияти инсон аст, хоҳари писарак устухонҳои онро ҷамъ карда овехта мемонад (дар қадим аҷдодони халқҳои эроннажод устухони хешовандони худро ба сабадҳо андохта, овехта мемонданд). Дар афсонаи «Чӯбаки сандалвор» бародар хоҳарашро ба занӣ гирифтани мешавад, яъне хусусияти мардони давраҳои модаршоҳӣ аз худ зоҳир мекунад.
Ин қабил ҳодисаҳо дар афсонаҳои сеҳрангез бо мурури замон асоси ҳаётии худро гум карда, ба унсурҳои хаёлӣ табдил ёфтаанд. Бинобар ин афсонаҳои сеҳрангез ба гузашта не, балки ба оянда нигаронида шудаанд. Дар онҳо орзуи инсон дар бораи холос шудан аз машаққатҳои зиндагӣ, ташкили ҳаёти осудаву фароғат ва монанди инҳо ифода ёфтааст.
Дар афсонаҳои машҳури «Наҳӯтак», ки дар Эрон бо номи «Ним нахуд» маъмул буда, ба афсонаи русӣ «Мальчик с пальчик» монанд аст ва «Донак» орзуи хурди калонкор ва мӯъҷизакор гардидани фарзандон акс ёфтааст. Писарбачаи хурдакаки нафтолубон («Донак») худаш ва дарахти сермеваи шинонда парвари кардаашро аз дасти девбарзангӣ халос карда, душмани одамхури хеле калону пуркувватро несту нобуд мекунад.
Корнамоиҳои мӯъҷизадор нишон додан, мурғҳои заррин, аспони қанотдорро ба даст овардан, нобуд кардани ҳар хел махлуқҳое, ки ба одамон зарар мекунанд ва аз паи иҷрои ин корҳо бар мамлакатҳои дур, шаҳрҳои бегона, дар кӯҳу биёбонҳои пурхатару дурдаст гаштан, ба дунёи хаёлии осмонӣ ва таҳтизаминӣ рафтан касби кори қаҳрамонон ин гурӯҳи афсонаҳост.
Қаҳрамонон баъзе афсонаҳо дар муддати кӯтоҳ ба воя мерасад: дар як рӯз (як ҳафта, як моҳ) чунки кӯдаки яксола ё бачаи даҳсола ҷусса пайдо карда, ҳамин хел дар як муддати кӯтоҳ ба паҳлавони тавоно мубаддал мегардад, вай даҳшатноктарин махлуқҳои фавқуттабиӣ: дев, девбарзангӣ, аждар ва ғайраҳоро мағлуб мекунад.
Ба ин гурӯҳ афсонаҳои «Қиличпаҳлавон», «Эраҷпаҳлавон», «Робиаи чилгазамӯй», «Ҳафтдодарон», «Султон-сағи зард», «Кулулабаходур» ва монанди инҳо дохил мешаванд.
Қиличпаҳлавон дар оилаи подшоҳе, ки занаш духтари подачист, ба дунё меояд: «Бачаро як рӯзаш дурӯзаро бар зад, ду рӯзаш чоррӯзаро бар зад, охир, ки сӯлама шуд, ӯро Қиличпалвон ном карданд». Дар солҳои аввали зиндагиаш ба зиммаи Қиличпаҳлавон вазифаи муҳим меафтад: ёфта гирифтани падару модараш, ки мамлакатро тарк кардаанд. Қаҳрамонони афсона дар роҳи сафар бо қувваҳои фавқуттабиӣ вохӯрда, онҳоро ба худ мутеъ месозад ва агар мутеъ нашаванд, несту нобуд мекунад.

пешина
аз 295
навбатӣ