Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
«(Қилиҷпаҳлавон) рафт, рафт, ки як мард ҳафт санги осиёб дар дасташ гашта омада истодааст:
— Ҳай! — гуфту сари роҳи Қилиҷпаҳлавонро гирифт. Бача пурсид:
— Эй Афросиёб, куҷо меравӣ?
Гуфт:
— Ба сари Қилиҷпалавон мерам.
— Агар маро бизанӣ, Қилиҷпалавонро мезанӣ!»
Қаҳрамони афсонаҳои сеҳрангез ба ҷуз ин қабил рақибоне, ки қувваҳои барои одам ва зиндагии ӯ пурхатарро таҷассум мекунанд, душмани ҳаттоле низ аз байни одамон доранд, ки бо ҳазор макру ҳила ҳар чизи гаронбаҳоеро, ки қаҳрамон бо заҳмати зиёд ба даст овардааст, рабудан, соҳиб шудан мехоҳанд ва ба ин мақсад ҷони ӯро дар хатар мегузоранд. Ин душманон дар бисёр афсонаҳо бародарони қаҳрамонанд, ки ҳамроҳи ӯ ба сафар баромада, ягон коре карда натавониста, дар вақти бозгашт ногаҳон ба ӯ ҳуҷум оварда ё кушта ё дасту пояшро бурида, ба чоҳ ва ё ягон ҷои дигар, ки аз он ҷо баромадан мумкин набошад, партофта, ба ватанаш баргашта, худро баҳодуру зафарманд эълон мекунанд. Дар афсонаҳои дигар онҳо ошиқони арӯшавандаи қаҳрамон буда, бо ёрии аҷузони маккора, онҳо ба ҳалокат расонида, ҳамаи буду шуди ӯро ғорат мекунанд. Дар ин хел мавридҳо қаҳрамон бо мадади ёрони гуногуни мӯъҷизакори худ ҷону моли худро бармегардонад.
Далерӣ, матонат, пуртоқатӣ ва бисёр вақт софдилӣ ва некӯкорӣ барин хислатҳо, ба замми қувваи беинтиҳо, ба иҷрои ҳама гуна мақсадҳои қаҳрамон мусоидат мекунад. Ин хислатҳои ӯ дар афсонаҳо аз имтиҳонҳои сахту пурдаҳшат мегузарад.
Баъзан қаҳрамони афсона ба сабук кардани заҳмати аҳли меҳнат ва азоби одамони кулфатзада машғул мешавад, гургу палангҳоро кушта, деҳқони камбағалро аз хавфи ҳуҷуми онҳо халос мекунад ва илова бар ин, замини деҳқононро шудгор карда, ғалла кошта медиҳад, дар як афсона вай барои одамон мурғобӣ шикор мекунад, дар афсонаи дигар ба мадади кампири забунҳоле мешитобад.
Дар афсонаҳои сеҳрангез қисман чун қаҳрамони асосӣ духтарон ҳам амал мекунанд ва хислатҳои гуногуне аз худ зоҳир менамоянд. Дар байни мардуми тоҷик бо номи «Ҳайдарег» афсонае машҳур аст. Аксарияти гӯяндаҳое, ки нақли афсонаҳои сеҳрангезро касб кардаанд, ин афсонаро медонанд ва нақл мекунанд. Дар афсона зан будани вай якбора маълум намешавад.
Вай бо либосҳои сиёҳ ва савори аспи сиёҳ амал карда, мардонагии беназире аз худ зоҳир мекунад. Мана як лавҳае аз мардонагии ӯ: «Сиёҳаспа хамбид дар даруни гор. Нигаҳ кард, ки як духтари хушрӯй шиштасту сари дев дар сари зонуяш. Дев хоб аст. Духтар сӯи сиёҳаспа гуфт, ки:
— Ба ҷони ҷавонат раҳмат наомад, ки ту ба даруни гор омадӣ!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё