Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Сиёҳаспа гуфт, ки:
— Ҷони ҷавони ман садқаи ту.
Сиёҳаспа кашид шамшерро, дар дилаш гуфт: «девро ҳамин хел бизанам, номардӣ мешавад, биё бедораш кунам».
Баъд нуки шамшерро дар шикамбаки пойҳояш монду дар тофтан зад. Дев:
— А киша, пашша! — гуфту ба дасташ зад шамшерро.
Сиёҳаспа гуфт:
— Аввал бихез, ин пашшаро бубин, барои ҷони ту омадааст!
Дев хест, ҳардуяш, ки гардонданд, майдон аз гардондан пури хок шуд, баъд сиёҳаспа ҳуҷ кард, ки задаш ба замин... дарав калаашро бурид.

Ҳар марде, ки бо сиёҳаспа дучор шуда, баъд зан будани ӯро мефаҳмад, ҳасрати дидори ӯро хӯрда: «ҳай дареғ!» мегӯяд. Ба ин сабаб афсона ин номро гирифтааст.

Афсонаҳои сеҳрангез дар айни замон садоқату вафо ва муҳаббати гарму ҷӯшони занро тасвир кардаанд. Дар афсонаи «Султон-саги зард» ҷавоне дар ниқоби саг умр ба сар мебарад, занаш ниқоби ӯро месӯзад, ӯ ранҷида баромада меравад. Занаш тоқати ҷудоӣ надорад, аз ақиби ӯ меравад.

Онҳо ба манзили модаршӯй мерасанд. Модаршӯй — девбарзангӣ писарашро ба дилхоҳи худ зандор кунониданӣ шуда, ба қасди нобуд кардани духтар меафтад. Ба ин мақсад ба духтар сафед кардани гилеми сиёҳ, сиёҳ кардани гилеми сафед, бо оби дида пур кардани ду деги калон барин супоришҳо медиҳад. Духтар гиря мекунад, азоб мекашад ва дар охир бо маслиҳат ва ёрдами шавҳараш супоришҳоро иҷро намуда, аз чанголи дев халос меёбад.

Дар афсонаҳо занҳо инчунин донишманд ва боақлу фаросот тасвир мешаванд. Ғуломе бо маслиҳати занаш як қатор супоришҳои душвори подшоҳро иҷро намуда, занашро аз дасти ӯ халос мекунад. Дар афсонаи дигар зани ҳушёру ботадбир 40 дуздро кушта, хазини падарашро аз талафот эмин месозад, бо ҳилаи оқилонаи худ аз чанголи дев халос мехӯрад, вай чевар ва ҳунарманд аст, ки тӯппиҳои дӯхтаи ӯро дар бозор хеле қимат мехаранд, вай дар охир подшоҳ мешавад.

Қаҳрамонони афсонаҳои сеҳрангез, махсусан онҳое, ки худ ба қувваи беинтиҳо соҳиб нестанд, бо кӯмаки ёрдамчиёни пуриқтидору мӯъҷизакоре ба муроду мақсадашон мерасанд, ки онҳо маҳсули боварии одамон ба тилисму сеҳру ҷодую мӯъҷиза (магизм) мебошанд. Инсони давраҳои қадим боварӣ дошт, ки бо ёрии сухан ва предметҳои махсус қасрҳо сохтан, дарёҳоро бастан, кӯҳҳоро чаппа кардан, нозу неъмат ато кардан мумкин аст.

Яке аз ин қабил ёрдамчиёни машҳур мӯйсафеди нуронии хирадманд ё пиразани соҳибкаромотест. Баъзан ба ҷойи онҳо пайғамбари афсонавӣ Хизр (Хӯҷаи Хизр) амал мекунад, ки аз ривоятҳои қадимии мамлакатҳои Шарқи мусулмонӣ ба афсонаҳо

пешина
аз 295
навбатӣ