Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

гузаштааст. Ӯ дар мушкилтарин рӯзҳои қаҳрамони афсона дар роҳҳои пурхатари дурдасту беодам пайдо шуда, мушкили ӯро мекушояд, илоҷи бартараф намудани душвориро гуфта медиҳад ва ё ягон чизи мӯъҷизакоре ба ӯ мебахшад. Мӯйсафед дар афсонаҳои тоҷикӣ инчунин ба одамони бефарзанди фарзандталаб себе инъом менамояд, ки себ барои онҳо фарзанде ато мекунад. Ӯ баъзан ба сифати пирамарди кордону кордида амал мекунад ва вазифааш танҳо бо додани маслиҳати оқилона маҳдуд мешавад. Пиразан одатан дар кулбаи вайронаи камбағалона умр ба сар мебарад, Ӯ касе надорад: «беваи бечораи камбағал, як ҳуҷра дорад, тоққа зиндагӣ мекунад». Қаҳрамони афсона ба ёрии пиразан эҳтиёҷ пайдо карда, ба кулбаи ӯ меояд.

Асп аз ёрони қарину босадоқати қаҳрамон буда, ҳамеша тайёр аст, ки ӯро аз азобу машаққат халос кунад. Аксаран вай қанот дошта, барои ба тезӣ ба манзили мақсад расидани қаҳрамон мусоидат мекунад. Дар ёрии ӯ ба қаҳрамони афсона ақидаи тотемистии одамони қадим ифодаи барҷастаи худро ёфтааст. Асп шарики доимии қаҳрамон, шарики рӯзҳои сахт ва неки ӯст, ба замми ин, асп ҳомии хеле пурқуввати одам аст. Дар яке аз афсонаҳо асп баробари хеле наздик кардани роҳи қаҳрамон, бо душмани ӯ — дев ба ҷанг даромада, онро мағлуб мекунад ва худаш низ ҳалок шуда, ҷасади ӯ ба қасри азими боҳашамате табдил меёбад. Ин ҳодиса, агар аз як тараф, ба ақидаҳои одамони ибтидоӣ вобаста буда, ба воситаи афсонаҳо то замони мо расида бошад, аз тарафи дигар, эҳтироми махсуси одамонро акс мекунад, ки дар натиҷаи дар зиндагии маишии онҳо роҳи калон доштани асп пайдо шудааст. Берун аз афсонаҳо, дар байни мардум маъмул будани ақидаи махсусе дар бораи асп ин фикри моро бори дигар тасдиқ карда метавонад: «Чунин ақида аҷиб аст, ки асп гӯё аз зоти дев аст ва он одатан қанотҳои барои одамон нонамоён дошта, ба воситаи онҳо монда нашуда, масофаеро тай мекунад, ки ҳеҷ як ҳайвони дигар ин корро карда наметавонад».1

Дар афсонаҳои сеҳрангез гург, шер, хирс, гӯсфанд низ қаҳрамони афсонаро парасторӣ мекунад. Гӯсфанд аз бадани худ мавиз ҷудо карда, ятимбачаи аз тарафи модари ӯгай ба саҳрои беобу бегиёҳ рондашударо аз ҷангали ҳалокат халос менамояд. Гӯсфанд қаҳрамони афсонаро ба болои худ савор карда, дар як муддати кӯтоҳ ба ҷои дилхоҳаш бурда мерасонад.

Дар афсонаҳои сеҳрангез ба ҷуз ҳайвонот предметҳои гуногуне мӯъҷизаҳо нишон дода, мушкили қаҳрамони афсонаро осон мекунанд. Инҳо қисман ҳамон предметҳоянд, ки дар зиндагӣ ба одам баҳра оварда, меҳнату азоби онро сабук мекунанд. Алалхусус чашма ва алаф шифобахшанд. «Ҳар касе, ки чашм надошта бошад, биравад, дар таҳи осиё як чашма ҳаст, бигирад,

1 А. К. Писарчик. Кулябская этнографическая экспедиция 1948 года. «Известия ТФАН СССР», № 15, Сталинабад, 1949, стр. 89.

пешина
аз 295
навбатӣ