Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
як қадар ба рӯяш бушакад, сиҳат мешавад». Паҳлавони маҷрӯҳ ба бадани худ алаф молида шифо меёбад, сӯзан дар афсонаи машҳури «Чӯбаки сандалвор» ба дарахти баланде мубаддал шуда, қаҳрамондухтарро ба дунёи болой мерасонад. Чароғ деве дорад, ки дар ҳолати пок кардани шишаи он ҳозир шуда, мувофиқи хоҳиши қаҳрамон боғҳо, қасрҳо меофарад. Қаҳрамон баъди сафари дуру дароз ба ватани худ баргашта, ба чашмони дар фироқи ӯ аз зӯрии гиряи кӯршудаи падару модараш рӯймолчаи худро молида, чашми онҳоро сиҳат мекунад, зоғ ба камбағалбача сурфа (дастархон) ва кадуча мебахшад, ки дар ҳолати шипондани сурфа авқоти дилхоҳи соҳиби он муҳайё мегардад, аз кадуча замбӯрҳо баромада, душмани ӯро мағлуб месозанд.
Баъзан ҳастии қаҳрамон бо ин қабил предметҳои сеҳрангез вобаста шуда мемонад. Дар мавриди нест карда шудани он предмет худи қаҳрамон ҳам нобуд мешавад. Дар афсонаи «Қиличпаҳлавон» ҷони паҳлавон дар қилиҷи ӯ пинҳон аст. Ҳамин, ки душманош қиличро ба дарё мепартоянд, ҷони вай ҳам аз ҷисмаш берун мешавад, ҳамин, ки дӯстонаш қиличро аз дарё мегиранд, ҷонаш бармегардад.
Қувваи предметҳои сеҳрангез дар афсонаҳо ба иҷро намудани як вазифа — дар мубориза ба муқобили ҳодисаҳои пурхатари табиат ва он махлуққа, ки дар тасаввури инсон, дар натиҷаи дар назди ҳамин ҳодисаҳо заиф ва ҳамеша дар ваҳму хатар будани он офарида шуда буданд, равона шудаанд. Аксарияти ёрдамчиёни қаҳрамон аз як афсона ба афсонаи дигар гузашта, ҳамчун персонажҳои зарурӣ амал мекунанд. Ҳатто як қисми онҳо хусусияти шунавидан, фаҳмидан ва бунёд карданро доранд.
Ҳамин тариқ, персонажҳои афсонаҳои сеҳрангез ба ду гурӯҳи муқобили ҳамдигар ҷудо мешаванд: 1. Қаҳрамонони афсонаҳо ва ёрдамчиёни онҳо; 2. Душманони қаҳрамон ва шарикони онҳо.
Душманони қаҳрамони афсона, ки ба иҷро шудани мақсаду вазифаҳои ӯ халал мерасонанд ва умуман ба инсон зарарҳо меоваранд, аз ҷумлаи махлуқҳои фавқуттабиа: дев, девбарзанӣ, аждаҳо ва монанди инҳоянд.
Дев аз машҳуртарин образҳои афсонаҳои сеҳрангез мебошад. Девҳо, чунон ки афсонаҳо тасвир мекунанд, ҷуссаи ниҳоят бузурги воҳимаангез, қувваи ҷисмонии фавқулодда доранд. Баъзан онҳо аз ҳамдигар бо ранги худ фарқ мекунанд: сурх, сафед, сиёҳ, кабӯд шуда метавонанд.
Девҳо дар ғорҳо ва кӯҳҳо, дар ҷойҳои аз одам дур зиндагӣ мекунанд. Онҳо душмани қатори одамизод буда, онро метавонанд кушанд, хӯранд, нобуд кунанд. Дев одамро одатан аз бӯяш мефаҳмад ва дар ҷое, ки бо ӯ дучор ояд, «паф-паф, бӯи одамизод» гӯён фарёд мебарорад ва ҳамон замон дар қасди хӯрдан ва нобуд кардани ӯ меафтад.
Кори асосии дев дуздида бурдани духтарони зебо, аспҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё