Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
хуб ва қисман бачагон аст: духтарони зеборо ба худ зан мекунад, бачагонро мехӯрад. Дев метавонад ба шаклҳои гуногун даромада, одамизодро фиреб диҳад. Дар як афсона дев ба охуи зебое мубаддал шуда, писари подшоҳро аз ақиби худ ба ғор мебарад. Дар афсонаҳои дигар ба шакли мӯйсафеди қаландар (ё мулло) дохил шуда, бо фириб бачагон ва духтаронро бо худ бурда, нобуд мекунад. Вале дар баъзе афсонаҳо девҳо аҳмақ ва нодон тасвир мешаванд. Онҳоро фириб додан ва кор фармудан хеле осон аст. Онҳо дар назди одамон, ҳатто дар назди ҳар гуна даррандаҳои хурд (чун рӯбоҳ) сари итоат ҳам карда, фармоншонро иҷро мекунанд: ҳар гуна молу чиз ёфта меоранд, биноҳо месозанд ва ғайра.
Девбарзангӣ (кӯрбарзангӣ, девкампир) аз бисёр ҷиҳатҳо ба дев монанд аст. Вай ҳам мисли дев душмани одамизод, одамхӯр, бадхайбат, бераҳм мешавад. Аммо хислатҳои фарқкунанда ҳам дорад. Манзили доимии ӯ хонаи алоҳидаест, ки дар ягон гӯшаи дурдасти кӯҳе ва ё биёбоне воқеъ аст. Одатан мусофир ба он хона рафта монда, ба чанголи девбарзангӣ гирифтор мешавад. Девбарзангиро низ тарсондан, мутеъ кардан ва аз манзилаш рондан ва куштан мумкин аст. Барои мисол аз афсонаи «Подшоҳи ҳафтдухтара» як парча меоварем. «Рафт духтар, дид, ки кӯрбарзангӣ сар шуста истодааст. Гуфт:
— Ассалому алайкум.
Гуфт:
— Айби саломат намешуд, як лукмаи хомат мекардам!
Баъд гуфт:
— Мома, чизе дар насиби мо бошад, ҳамон насибамонро мебинем.
Баъд чанд вақт духтар зиндагӣ кард, ки гуфт:
— Духтарам, сари ман чиркин шудааст, об мон, сарамро бишӯям.
Баъд духтар чил сатил обро ҷӯш кардааст, дар сари кӯрбарзангӣ рехтаст, кӯрбарзангӣ сӯхта мурдааст».
Дигар аз душманони одамизод, ки қаҳрамони афсона бар зидди он мубориза мебарад, аждаҳор аст.
Ба лаби ҳавз, наҳр ва ё дарё духтареро (баъзан ҳамроҳи гӯсфанд ва хӯрданиҳои гуногун) бурда мемонанд. Аждаҳор аз ҳавз баромада, духтарро фурӯ мебараду ором мешавад. Агар ин хел накунанд, аждаҳор тамоми мамлакатро нобуд мекунад. Қаҳрамон ба лаби ҳавз омада, аждаҳорро кушта, духтарро аз марг ва мардумро аз ҳалокат халос мекунад. Дар ин воқеа осори муборизаи инсон бо ҳар гуна махлуқҳои одамхӯр дар замонҳои қадим мушоҳида мешавад. Ин эпизод чун бисёр эпизодҳои дигар аз як афсона ба афсонаи дигар кӯчида, дар афсонаҳои сеҳрангез бисёр такрор мешавад.
Эпизоди зерин низ ҳамин хусусиятро дорад. Подшоҳ кушандаи аждаҳорро ҷустуҷӯ намуда, ба зудӣ пайдо намекунад— вай аз паи кори худ рафтааст. Ҷавонмардони бисёре, ки орзуи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё