Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

ФарҳангАдабиётАфсона
Аз аввал хондан

гирифтани духтари подшоҳро дар дил мепарвариданд, худро кушандаи аждаҳор эълон мекунанд, вале ҳеҷ кадомашон ҷасади мурдаи онро аз ҷо ҷунбонида наметавонанд. Ниҳоят, баъди кофтукови зиёд кушанда пайдо мешаваду ҷасади аждаҳорро ба ҷое бурда мепартояд ва подшоҳ духтарашро ба ӯ пешниҳод мекунад.

Душманони аз ҷумлаи худи одамизод будаи қаҳрамони афсона, ки мубориза бо онҳо дар афсонаҳои сеҳрангез мавқеи муҳимро ишғол менамояд, хеле фаъоланд. Бародарони калонӣ ва ё подшоҳи мамлакат ба зебоӣ ва қувваи қаҳрамон ҳасад бурда, ба муқобили ӯ мешӯранд ва дар ин кор аз ҳеҷ чиз рӯ наметобанд.

Қаҳрамони бисёр афсонаҳои ин гурӯҳ фарзандони хурдианд. Дар афсонаҳо, умуман, нисбат ба фарзанди аз ҳама хурд, хоҳари хурдӣ, зани хурдӣ як навъ шафқат ва илтифоте акс ёфтааст. Ин ҳодиса, яқинан, осори ҳамон қоидаи никоҳи групппавиро ифода намудааст, ки фарзанди хурдтарин дар оила нисбатан соҳибимтиёз буд.

Подшоҳ, бо вуҷуди он ки дар аксарияти афсонаҳо вуҷуд дорад, умуман ба қатори персонажҳои фаъол дохил намешавад.
Манфиати шахсӣ, ҳарисии подшоҳ нисбат ба ҳар хел чизҳои гаронбаҳо, предметҳои аҷоиб, духтарони соҳибҷамол ва ғайраҳо боиси моҷароҷӯйҳо ва сарсониҳои қаҳрамон мешавад. Дар бисёр мавридҳо подшоҳ заиф ва беирода аст. Вай бе маслиҳати вазираш коре карда наметавонад.

Дар афсонаҳо танҳо як ёрдамчии душмани қаҳрамон «кампири зол», «пиразани зол» амал мекунад. Вай вазифаи муайян дорад: бо макру ҳилаю фиреб ба душмани қаҳрамон барои аз дасти ӯ гирифтани духтари соҳибҷамол, ҳар гуна предметҳои сеҳрнок ва ҳалок кардани худи ӯ ёрӣ мерасонад. Ӯро ба ин кор ҳирсу тамаъ ва бо маккорӣ майли зиёд доштан водор мекунад.
Қампир худро ба шакли пиразани бенавою беҳонумон андохта, нисбат ба худ ҳисси тараҳҳум ва хайрхоҳии қаҳрамонро бедор мекунад. «Бача ба шикор мебаромад, ки нохост як кампирро дид, кампир бошад гирьяву зорӣ мекард, ки «оҳ ман дар ин ҷо аз осмон ғалтида бошам... аз гушнагиву ташнагӣ мемурда бошам». Бача ин гапро шунида, раҳмаш омада, кампирро ба хонааш бурд. «Кампир муддате худро одами содиқу дилсофу накӯкор вонамуд карда, ба боварии пурраи қаҳрамон ва зани ӯ соҳиб мешавад ва аз ин истифода намуда, вазифаи нопоки худро иҷро мекунад: қаҳрамонро кушта, занашро ба душмани ӯ оварда месупорад ва ба ивази ин кори худ мукофоти зиёд мегирад.

Амалиёти персонажҳои афсонаҳои сеҳрангез, бо вуҷуди
кайҳо гум кардани моҳияти ибтидоии худ, ҳамеша диққати одамонро ба худ ҷалб карда омадаанд, зеро онҳо одамонро дар мубориза ба муқобили ҳар гуна қувваҳои зарарнок рӯҳбаланд

пешина
аз 295
навбатӣ