Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
сохтаанд ва дар симои онҳо боварии инсон ба қудрат ва тавоноии худ, орзую умеди инсон таҷассум ёфтааст.
Онҳо дар замири ҳама гуна ҳодисаҳои сеҳрангези хаёлӣ, ҳар хел ақида ва осори динӣ хислатҳоеро аз худ зоҳир менамоянд, ки ба ҳақиқати зиндагӣ наздиканд, хулқу атвор ва характеру рафтори онҳо аз нормаҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ он қадар ҳам берун нест ва берун ҳам шуда наметавонанд, чунки ин образҳо дар тафаккури инсон, ки бо муҳит ва ҷамъияти худ сахт алоқаманд аст, ба вуҷуд омадаанд.
Афсонаҳои сеҳрангез на танҳо бо сюжет, мотивҳо, персонаж ва предметҳои мӯъҷизакори махсус ва типикии худ аз дигар навъҳои афсонаҳо фарқ мекунанд, балки онҳо хусусиятҳои дигар ҳам доранд: ба онҳо амалиёт бештар хос аст, ки он, чӣ навъе ки дар боло дидем, асосан хусусияти саргузаштӣ дорад.
Ибтидо, сабзиш ва хатми амалиёт дар ин афсонаҳо аз рӯи қоидаи муайян ба амал меояд ва аз рӯи он худи персонажҳои афсонаҳо устувор набуда, балки вазифаи онҳо — коре, ки онҳо ба амал меоранд, бештар устувор аст. Барои чизҳои аҷоиб ба ҷойҳои дур сафар кардан, бо махлуқҳои фавқуттабиа дучор омада, даст ба гиреҳон шудан, куштани аждаҳо, аз хатар халос кардани бачагони паррандаи хаёлӣ — семурғ, бо ёрии он ба ватани худ баргаштан, ба аспҳои парранда соҳиб шуда, ба чил зина парида баромада, себ ва ё ангуштареро аз дасти духтари подшоҳ гирифтан — ҳамаи ин корҳоро қаҳрамони афсона иҷро мекунад, аммо худи қаҳрамон дигар шуда меистад: дар афсонае писари сеюм (писари сеюми подшоҳ ё ягон марди оддӣ), дар афсонаи дигар чӯпонбача ё кал ва ё хирсзод ё шерзод ва ғайра.
Дар афсонаҳои сеҳрангез суханони анъанавӣ ва қолабии оғози афсонаҳо, яъне ифтитоҳ бештар барои он хизмат мекунад, ки назари диққати шунавандагонро аз ҳаёти реалӣ канда, ба сӯи ҳодисаҳои хаёлӣ равона намояд. Дар он ҷиҳатҳои муҳими ин ҳодисаҳо: бо махлуқҳои фавқулбашар сару кор доштани қаҳрамони афсона, ба замонҳои дуру номаълум мансуб будани воқеаи афсона, аниқ набудани он, ки қаҳрамонҳои афсонаҳо ягон вақт вуҷуд доштанд ва ё надоштанд ва монандии инҳо ифода мегардад: «Ин Эрачи тилисмушканро модараш аз халқе буд, ки дар вақташ бо девҳо ҷанг мекарданд...», «Дар замонҳои замон, дар вақтҳои вақт як кампире зиндагонӣ мекард...», «Буд набуд, як подшоҳ буд, ду писар дошт».
Ба ин гурӯҳи афсонаҳо дар вақти аз нақли як воқеа ба нақли воқеаи дигар гузаштан истифодаи таъбири махсусе хос аст:
«Онҳоро он ҷо монему аз фалониҳо гап сар кунем (нақл кунем)». Вале дар интиҳои афсонаҳои сеҳрангез асосан ҳамон таъбирҳои дар дигар афсонаҳо низ маъмул ба кор бурда мешаванд: «онҳо он ҷо буданд, нону катиқ (оши палав) мехӯрданд, ки мо ин ҷо омадем», «онҳо ба муроду мақсадашон расиданд, мо ҳам расем, шумо ҳам расед».
Афсонаҳои реалӣ-маншӣ. Ба ин гурӯҳ афсонаҳое дохил мешаванд,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё