Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

ки сеҳру мӯъҷиза дар онҳо чандон мавқеъ надорад. Онҳо воқеаҳо ва муносибатҳои реалии ҳаётии ҷамъиятии инсониро инъикос мекунанд, дар онҳо асосан ҳақиқати зиндагии давраҳои наздик инъикос шуда, муборизаи баду нек дар замири муносибатҳои воқеии ҷамъияти синфӣ тасвир меёбад. Ин афсонаҳо эҳсосот ва таассуроти одамон, муносибати онҳоро нисбат ба воқеаҳои гуногуни ҷамъият ба таври реалӣ ифода мекунанд.

Афсонаҳои реалии маишӣ ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: саргузаштӣ ва ҳаҷвӣ.

Афсонаҳои саргузаштӣ. Қаҳрамони афсонаи саргузаштӣ шахсони моҷароҷӯ, ҳаётдӯст, ба кардани коре ва ба дидани зисту зиндагии мардум шавқманд, чолоку айёранд ва ба туфайли зиракӣ, ҳозирҷавобӣ, ақлу хуши расои худ ҳамеша аз «об хушк мебароянд».

Яке аз машҳуртарин афсонаҳои ин гурӯҳ «Савобҷӯй» ном дорад. Марди дар савобкорӣ бетаҷрибае бо нияти нек чанд кори нодуруст карда (чашми аспи мусофиреро санг ғурронда кӯр мекунад, думи хари зери бор хобидаро кашида меканад...), ба қозихона меафтад ва ба қозӣ сохтакорона ишораи порадиҳӣ карда, халос мешавад. Дар афсонаи дигар писари косатарош бар зидди дуздону қаллобон тадбирҳои оқилонае андешида, мамлакатро осудаю обод мекунад. Писари савдогар ба касби падар майл накарда, ба сесад тиллои падараш се панд мехарад ва ба шарофати он пандҳо аз фалокатҳо халос мешавад («Се панд»). Зан либоси мардона пӯшида, ба сафар баромада, мардони зираку ҳилагарро қоил карда, шавҳарашро аз зиндон озод мекунад.

Дар як қатор афсонаҳои саргузаштӣ шоҳон амал мекунанд. Темур либоси одамони оддиро дар бар карда, дар кӯчаҳои шаҳр мегардад ва бо дуздон шинос шуда, онҳоро ба даст меафтонад.

Қаҳрамони афсонаҳои ин гурӯҳ аксаран марди камбағале, зан ё духтари камбағал, чӯпон, калбача ва умуман намояндаи табақаи истисморшаванда аст, ки одатан ба муқобили зулм исён мекунад. Дар афсонаи «Бои золим ва кали зирак» заминдор шарти миёншикан пеш оварда, хизматгоронашро ба азоби сахт гирифтор мекунад. Яке бо сад азоб фармудаи хӯҷаинашро иҷро намуда, ба ду ҳар бор карду ба дари хонаи хӯҷаинаш омад. Хӯҷаинаш баромада гуфт:
— Чӯра, хафа шудӣ?
Гуфт:
— Не.

Боз рӯзи дигар ҳам ҳамин тавр кард. Чанд рӯз одаташ ҳамин буд. Як рӯзи дигар рафт, ки бевақт шуду ҳезум карда натавонист. Зиқ шуда, шабона хонаи хӯҷаинаш омад. Хӯҷаинаш баромада дид, ки дар ҳар ҳезум нест, гуфт:
— Барои чӣ ҳезум наовардӣ?
Гуфт:
— Бевақт шуду ҳезум карда натавонистам.

пешина
аз 295
навбатӣ