Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Гуфт:
— Зиқ шудӣ?
Гуфт:
— Албатта.
Бой дарав карда, гӯшу биниашро бурид, гуфт:
— Бирав акнун!
Ҷавон ба пеши кампири модараш гӯшу биниш буридагӣ рафт».
Дар ин порчаи хурд золими истисморкунанда — бой нисбат ба истисморшаванда — деҳқони хизматгор равшан тасвир ёфтааст. Бой писари миёнаи кампирро низ ба ҳамин ҳол гирифтор мекунад. Дар афсона дар баробари ин ҳисси интиқоми истисморшаванда хеле равшан баён мешавад: писари аз ҳама хурдии кампир на танҳо қасоси бародарони худро гирифта, гӯшу бинии бойро мебурад, балки тамоми боигарии бойро барҳам зада, ӯро хонахароб месозад.
Қасди интиқом аз золимон мавзӯи устувор ва бисёр такроршавандаи афсонаҳои ин гурӯҳ аст.
Афсонаҳои ҳаҷвӣ. Дар ин гурӯҳ афсонаҳо нисбат ба нуқсонҳои ҷамъиятӣ ва инсонӣ: золимӣ, танбалӣ, бекорхӯҷагӣ, ҳасосат, гӯлӣ, фиребгарӣ ва монандӣ инҳо ҳаҷви тезу тунде ифода мешавад. Се нафар дар осиёи кӯҳнае ҷойгир мешаванд. Шахсе ба наздашон нону ҷурғот оварда мемонад. Хуши касе намеояд, ки об биёвараду дасташонро шуста, нону ҷурғот хӯранд. Шарт мекунанд, ки касе, ки гап занад, аз паи об меравад. Раҳгузаре даромада, нону ҷурғотро хӯрда, пасмондаашро ба лаби танбалон молида меравад ва саге даромада лаби онҳоро мелесад.
Чил танбал дар хонае ҷойгир буданд. Хонаро оташ мезананд.
Сию нӯҳтааш мегурезад, яктааш ба гурехтан хушаш намеояд.
Хасисон ба мурдан розӣ мешавандӯ намегузоранд, ки як миқдор ҳаққи яке ба дигаре равад. Дар афсонаи машҳури «Лаку Пак», ки вариантҳои зиёде дорад, гӯлию нодонии инсон мавриди ҳаҷву тамасхур қарор гирифтааст.
Дар афсонаи дигар «Зани камбағал, қозӣ, савдогар ва баққол», ки таърихи қадимӣ дорад, бадахлоқии сарватмандон ва амалдорон ҳаҷв шудааст. Зани аз сахтии рӯзгор ба танг омада, аз паи таъмини зиндагии оилаи худ шуда, қозию савдогару баққолро ба ҳолати шармандаоваре дучор мекунад: қозиро ба гаҳвора баста, ришашро метарошонад ва ӯро маҷбур мекунад, ки гаҳвора дар пушташ гурехта равад; савдогарро ба ҷои гӯсола баста монда, дар ҳамин ҳолат аз хонааш меравад ва онҳоро дар ҳолати ба қасди интиқомгирӣ афтоданашон сахт ҷазо медиҳад.
Дар афсонаи «Кунуск ва Мунуск» дараҷаи ҳайратовари хасисӣ ва зихнагии ду бой масхара шудааст. Яке аз онҳо Мунуск барои аз даст нарафтани як қадоқ (400 грамм) чормағзи муфт ба даст даровардааш худро мурда эълон карда, ба гарми оби ҷӯшон, ки бо он ҷасади «мурда»-и ӯро мешӯянд, тоқат мекунад.
Дар афсонаи «Бои хасис» бое, ки зиёда аз 1000 гӯсфанд дорад,

пешина
аз 295
навбатӣ