Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

дар ҷустуҷӯи каллаи арзони гӯсфанд роҳи дуру дарозро тай мекунад.

Қозӣ мисли бой аз персонажҳои машҳури афсонаҳои ҳаҷвӣ буда, помолкунандаи ҳаққоният ва ҷорикунандаи беадолатист, ӯ беҳаё, хиёнаткор ва фосиқ тасвир мешавад. Дар афсонаҳои «Қозӣ ва савдогар» ба духтари навраси дӯсти худ — савдогар дастдарозӣ карда, ӯро беасос ба сабукпой гунаҳкор намуда, ба сари ӯ азобу машаққати тоқатнопазире меоварад. Дар афсонаи «Давлатхотун» номзади писари камбағалро ба норозигии хешовандони ӯ эътиборе надода, базӯрӣ ба писари худ гирифта доданӣ мешавад.

Афсонаҳо эшону муллоро низ ба фирегарӣ айбдор мекунанд: гуфтан онҳо ба корашон мутобиқат намекунад, худнамоӣ, донотарошӣ ва «каромотҳо»-и онҳо қалбакӣ ва авомфиребона аст, вай паҳнкунандаи ҷаҳолат мебошад ва ба мақсади оммаи меҳнаткашро ба занҷири хурофот ва нодонӣ печонида, зиндагии худ ва синфи худро бо нозу неъмат таъмин ва осоишта намудан, аз ҳеҷ ҳилаю найранг рӯ наметобад.

Подшоҳ дар афсонаҳои халқии тоҷик ду хел тасвир ёфтааст: подшоҳи боадолат, ки онро халқи меҳнаткаш аз байни худ интихоб мекунад ва ӯ ҳамеша аз аҳволи халқ хабардор шуда, нисбат ба он ғамхорӣ ва меҳрубонӣ зоҳир мекунад, бо ҳама гуна бадкирдориҳое, ки ба осоиштагии халқ халал мерасонад, мубориза мебарад. Дар симои подшоҳи боадолат намояндаи худ, муҳофизаткунандаи ҳуқуқи худро дар сари давлат диданӣ мешавад. Аммо, дар баробари ин дар аксарияти афсонаҳо тинати ҳақиқии подшоҳ: золимӣ, бераҳмӣ, ҷоҳилии ӯ ошкор шудааст. Подшоҳи бераҳм ба куштани ҷавони ошиқе фармон медиҳад. Дар афсонаи «Гӯрзод» ӯ паҳлавонеро, ки духтарашро аз марг халос кардааст, маҷбур мекунад, ки аз паи чизҳои нестдарҷаҳон ба ҷойҳое равад, ки аз он ҷо сиҳату саломат баргаштани инсон номумкин аст.

Хусусиятҳои услубии афсонаҳо. Ҳар як намуди афсонаҳои халқии тоҷик чӣ аз ҷиҳати ҳаҷму сохту услуб ва чӣ аз ҷиҳати мазмун ва таркиби персонажҳои худ хусусиятҳои махсус дорад. Хаёлот ва чизҳои аҷибу ғариб масолеҳи асосии афсонаҳои сеҳр-ангез қарор гирифтааст. Афсонаҳои дар бораи ҳайвонот, во-қеӣ-саргузаштӣ низ хаёлотро дар бар кардаанд, вале дар ин гурӯҳи афсонаҳо, ки бештар ба инъикоси ҳодиссаҳои реалии му-носибатҳои ҷамъиятӣ равона шудаанд, асоси хаёлот дар муҳо-бот ва иғроқ аст: зани камбағал қозиро ба гаҳвора баста, ри-шашро метарошод, бой ба буридани гӯши хизматгорони худ шарт мебандад, Девонахусайнӣ хостгори маҳбубаи худро ба кал табдил медиҳад, муллоҳо бовар мекунанд, ки ҳар аз ақиби худ тилло мепартояд. Ҳама ин кабил воқеаҳо муболиғаанд, вале вазъияте, ки дар асоси онҳо қарор гирифтааст, заминаи ҳаётӣ дорад: дар шароити ҷамъиятии синфӣ байни ситамгарон ва маз-лумон (қозӣ ва камбағал, муллоҳо ва кал, бой ва хизматгори ӯ)

235

пешина
аз 295
навбатӣ