Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
муборизаи шадид давом мекард, бадахлоқӣ пешаи сарватмандон буд: шайх ба духтари дӯсти худ дасти тасарруф дароз мекунад ва ба мақсади ифлосаш нарасида, ба ӯ тӯҳмат мекунад. Ин воқеа заминаи реалӣ дорад, вале ба нақшаи кал дохил шуда, ба воситаи нақли саргузашти худ шайхро дар назди падари худ фош кардани духтар воқеаи хаёлист.
Хаёлот дар тасвири портрети персонажҳои афсонаҳо низ аҳамияти махсус пайдо мекунад.
Дар афсонаҳои сеҳрангез муҳобот ва ташбеҳҳои муболиғаомез дар тасвири ҳусн мавқеи асосиро ишғол менамояд. Овозаи ҳусну зебоии духтар кӯҳу биёбон, дашту дарёҳоро гузашта, ба гӯшаҳои дури дунё рафта мерасад. Иштиёқманди дидори духтар низ монанди овозаи ҳусни ӯ бояд роҳи дароз ва манзилҳои бешуморро тай кунад.
Рӯи духтар дар афсонаҳо одатан ба маҳтоб ва ё офтоб ташбеҳ карда мешавад. Баъзан як бари рӯи ӯро офтоб мегӯянду бари дигари рӯяшро маҳтоб, аз ҷиҳати равшанӣ ва пурнурӣ аз офтоб камӣ надоштани рӯи духтар таъкид мегардад. Дар равшании рӯи Робиаи чилгазамӯй оҳангарон оҳангарӣ, мӯзадӯзҳо мӯзадӯзӣ, деҳқонон кишту кор мекунанд.
Дигар ҷиҳати ҳусн, ки ба он дар афсонаҳо бисёр диққат медиҳанд, ин мӯй аст. Ба таври ҳайратовар ва фавқулодда дароз будани мӯй соҳиби онро дар маркази диққати мардуми сарзаминҳои дуру наздик мегузорад.
Дар афсонаҳо назокати пайкари одамӣ ҳамчун муҳимтарини унсурҳои ҳусн таъкидану такроран қайд карда мешавад. Дар ин мавриди гӯяндаҳо бештар ду ибораро истеъмол мекунанд: бо як қошуқ об хӯрдан мумкин (яъне тасвиршаванда ба ҳадди охирин нозук ва дилкаш аст), об хӯрад, аз гулӯяш менамояд (об дар килтикаш метобад). Вобаста ба ин як воқеа, ки низ бунёдаш дар муболиға аст, як чиз ба унсури анъанавӣ ва устувори сюжети афсонаҳо (асосан афсонаҳои сеҳрангез) табдил ёфта, дарки ҳусну ҷамоли духтар ошиқонашро беҳуш карда, аз по меафтонад. Дар ибтидои бисёри афсонаҳо чунин як ҳолате рӯй медиҳад: қаҳрамони афсона ба ҳуҷраи чилӯми подшоҳ даромада, сурати духтареро он ҷо пайдо карда, беҳуш шуда меафтаду чанд рӯз аз ҷой хеста наметавонад.
Дар афсонаҳои реалии ҳаҷвӣ як қатор ҷиҳатҳои дигари зоҳири одамӣ ба маркази диққат гузошта мешавад: агар образ ҳаҷвии манфӣ бошад, тарафҳои нафратовар ва агар мусбат бошад, тарафҳои дилписанди сурати он тасвир мегардад ва дар ҳар ду ҳолат ҳам муболиға ба кор бурда мешавад.
Дар афсонаи «Зани камбағал, қозӣ, савдогар ва баққол» қаҳрамони афсона ба тавассути зебу зиннаташ диққати амалдорон ва давламандонро ба худ ҷалб мекунад:
«Зан саҳарӣ ду танга гирифтаасту абзору торо, сурхиву сафедиву гӯшвору марҷон кард, кафшо дар зери по, ҳамин тавр, ки раҳ мегардад, замин миннатдор мешавад, об дар килтикаш

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё