Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

метобад, дигар аз чойхӯрӣ то даҳ рӯза мемунӣ...» Тасвири андоми зан дар ин афсона се бор такрор ёфта, ҳар дафъа ба рӯй додани воқеа роле бозидани он қайд мешавад.

Дар афсонаҳо дар мавриди тасвири ҳусну ибораи «ба хироҷи (ҳафт) мамлакат меарзад» бисёр истеъмол мешавад.

Дар афсонаҳои ҳаҷвӣ дар натиҷаи таъкид ёфтани нуқсонҳо дар андом ва ё хулқу атвори одамӣ баъзе қаҳрамонҳо лақаби «кач», «кӯса», «девона»-ро ба худ гирифтаанд.

Саргузашт ва корҳои аҷиби ин қабил ашхоси «нуқсондор», яъне мутобиқат накардани андом ё феъли онҳо бо корҳои пухтаву зираконаашон боиси ҳазлу ханда мегардад. Агар қаҳрамон номи муқаррарӣ дошта бошад, ба он баъзан калима ва ё суффиксе ҳамроҳ мекунанд ва ба ин восита номи ӯ оҳанги махсуси ҳазломез ба худ гирифта ва аз номҳои муқаррарӣ фарқе пайдо намуда, (Ҳасанак, Муллопухник, Муллокарам) ягон хислати махсуси ӯро ифода мекунад: «Буд, набуд як Чавхӯраку як Гандум хӯрак буд».

Умуман, дар афсонаҳо, хоҳ онҳо ҳаҷвӣ бошанд, хоҳ ғайри ҳаҷвӣ, мо воситаҳои гуногуни тасвири бадеиро мушоҳида мекунем, ки амиқ ва нозуку латиф будани диди эстетикии халқ — муаллифи афсонаҳоро собит мекунад.

Ҳар як гурӯҳи афсонаҳо банду басти ба худ хос дорад. Масалан, афсонаҳои дар бораи ҳайвонот ҳаҷман кӯтоҳ буда, одатан як ё ду-се эпизодро дар бар мегирад. Дар онҳо дар лавҳаҳои вохӯрӣ диалог мавқеи калон дорад. Дар ҳар эпизод як ва ё якчанд диалог ҷой дорад ва диалогҳо такрор шудан мегиранд:

«Рӯбаҳ рафтааст ба дари як осиёб ... тасбеҳаш дар гарданаш ӯ шиштааст дар як канор. Як хурӯс будааст, дидаст, ки рӯбаҳ хумор андохтасту шиштааст, хурӯс гуфтаст:

— Кут-куту-куд, ӯ рӯбои шайтон, дар гардан тасбеҳ андохтаст, мехоҳад фанд кунад. Ё рӯбаҳ, чӣ ин қадар шайтонгарӣ мекунӣ? — гуфтаст хурӯс.

Рӯбаҳ гуфтаст:

— Э хурӯс, ин тавр нагӯ! Ман мусулмон шудам, худамро Сӯфимуҳаммад ном кардам, мехоҳам ҳаҷ равам.

Баъд хурӯс гуфтаст:

— Валлоҳ, ҳамин гапат рост бошад, ман мерам.

— Намебинӣ магар, ман дурӯғ мегӯям?! Асбоби маро намебинӣ, пӯстини маро нигаҳ кун, тасбеҳро нигаҳ кун!

Хурӯс бовар кардаст, роҳӣ шудаст қатиш, бурафтаст.

Ҳамин хел рӯбоҳ дар роҳ бо бедона ва муллобутбутак (хут-хут) дучор мегардад ва дар байни онҳо ба ҳамин монанд гуфтугӯ ба амал меояд.

Баъзе афсонаҳоро сар то по диалог фаро мегирад, ки «Аз ҳама кӣ зӯр» ба ҷумлаи ин қабил афсонаҳо дохил мешавад.

— Ях-ако, аз ҳама шумо зӯр?

— Ман аз ҳама зӯр будам-ку, лекин офтоб баромада, маро обу туроб кард.

пешина
аз 295
навбатӣ