Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
— Офтоб ако, аз ҳама шумо зӯр?
— Агар ман аз ҳама зӯр мебудам, магар абри тира барома-да пеши рӯи маро мегирифт?
— Абр-ако, аз ҳама шумо зӯр?
— Оҳ, агар ман аз ҳама зӯр мебудам, магар борон синаам-ро дарронда поён мерехт?
— Борон-ако, аз ҳама шумо зӯр?
— Ман зӯр нестам. Агар ман зӯр мебудам, замин маро фурӯ мебурд?
— Замин-ако, аз ҳама шумо зӯр?
— Оҳ, агар ман зӯр мебудам, алаф синаи маро магар чок карда мебаромад?
— Алаф-ако, аз ҳама шумо зӯр?
— Не, не, ман зӯр нестам! Агар ман зӯр мебудам, магар ма-ро гӯсфанд канда мехӯрд?
— Гӯсфанд-ако, аз ҳама шумо зӯр?
— Агар ман зӯр мебудам, магар маро гурги бераҳм кафонда мехӯрд?
— Гург-ако, аз ҳама шумо зӯр?
— Оҳ, ман зӯр нестам! Агар ман зӯр мешудам, магар маро шикорчӣ парронда, ба пӯстам каҳ ҷой мекард?
— Шикорчӣ-ако, аз ҳама шумо зӯр?
— Не, ман зӯр нестам. Агар ман зӯр мешудам, магар пилтаи туфанги маро муш қима-қима мекард?
— Муш-ако, аз ҳама шумо зӯр?
— Агар ман зӯр мешудам, магар маро гурба дошта мехӯрд?»
Ин қабил такрори барқасд боиси ба миён омадани афсонаҳои силсиладор (кумулятивӣ) шудааст, ки дар онҳо дар натиҷаи так-рори мавзӯъҳои шабеҳ ҳодисаи тасвиршуда шиддат гирифта, но-гаҳон ҳал мешаванд. Бибиганбусак дар роҳ аввал бо Қурбоққа, баъд бо Хорпуштаку Мушак дучор мешавад. Дар ҳар дучорша-вӣ як хел савол мешунавад: «Бибиганбусак, куҷо меравӣ?» ва як хел ҷавоб мешунавад: «Шӯковӣ». «Ба ман рас», — таклиф ме-кунад Қурбоққа, Хорпуштак ва баъд Муш. Бибиганбусак ҷавоб мегӯяд ва ин ҷавоб ҳам такрор мешавад. Саволу ҷавоби дута-рафа ба ҳам зам шуда, воқеаро авҷ медиҳад. Дар охир Мушак дар ҷавоби Бибиганбусак суханоне мувофиқи табъи ӯ мегӯяду бо ҳамин масъала ҳал мешавад.
Диалогҳои такроршавандаи афсонаҳои дар бораи ҳайвонот гуфташуда бисёр вақт вазну қофия доранд ва ба қолаби шеър дохил мешаванд. Гӯянда ягон воқеаро нақл карда истода, аз номи ин ва ё он персонажи афсона ба персонажи дигар муроҷиаткунон суруд мехонад. Персонажи дигар ба ӯ бо суруд ҷавоб мегӯяд. Баъзан сурудҳо аз номи ҳайвонот, растаниҳо, ҳашарот ва чизҳои гуногун хонда мешаванд. Кампираке ба набераи худ ва ба гурӯҳи бачагон дар вақти нақли афсонаи «Гунчишкак», овозазор шиддат дода нотарсии худро зоҳир карда,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё