Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
ти он устувории кул дида мешавад. Фарқи вариантҳо ҳам дар қисми мансури афсона калон нест: миқдори бузичагон кам мешавад ва вобаста ба ин мисраъҳои шеър ихтисор меёбад, зеро номи бузичагон дохили қофия аст. Дар шеърҳо танҳо мисраъҳои ҷудогона ва ё якчанд калима иваз мешавад, вале аз ин мазмуни умумии шеър тағйир намеёбад.
80 проценти 30 варианти ба дастомадаи афсонаи «Бибигамбусак» дорои суруд аст. Суруд узван ба он дохил шудааст, мазмунро такмил ва сюжетро инкишоф медиҳад. Бе суруд афсона ноқис ва номукаммал хоҳад шуд. Дар ин афсона диалог гоҳ аз насри қофиядор ва гоҳ аз суруд иборат аст.
Оғози афсона қофия дорад, дар гуфтугӯи такроршавандаи байни Бибигамбусак ва ҷонварҳои дигар, ки шавҳари ӯ шудан мехоҳанд, ҳар бор ибораи вазну қофиядор зикр мешавад: «Озорам, безорам, хоҳиши ин хел шӯ надорам». Эпизоди марказии афсона — мавриди ба об ғарқ шуда, ба раҳгузарон муроҷиат кардани Бибигамбусак дар ҳамаи нусхаҳо дорои шеър аст. Эпизоди хотимавии афсона гоҳ бо шеър, гоҳ бо насри қофиядор ифода мегардад. Муш, ки ба зиёфати мири мушон даъват шуда буд, ба ҷои ғарқшудаи Ганбусак расида омада, ба ӯ бо суруди зерин муроҷиат мекунад:
Духтари кокулдароз,
Дастаката кун дароз,
Мағзу мавиз овардам,
Чаро мекунӣ ароз?
Ганбусаки ранҷидахотир ба ӯ бо суруди ҷавоб мегардонад.
Афсонаи «Ғунҷишкак» сар то по бо порчаҳои манзум фаро гирифта шудааст. Эпизодҳои манзум бо як тартиби муайян яке аз паи дигар такрор мешаванд. Ғунҷишкак як пора пахта ба даст оварда, пеши ресанда, бофанда, бурранда, дӯзанда бурда, талаби худро ба ҳар кадоми онҳо бо шеър ифода мекунад. Дар ин афсона эпизоди дуюм ҷанҷоли ғунҷишкак бо подшоҳ аст. Ин эпизод низ аз такрори воқеаҳои шабеҳ иборат буда, аз насри манзум ва қофиядор мураттаб гардидааст. Баъди ба дасти подшоҳ афтодани худ ғунҷишкак суханони зеринро изҳор мекунад:
Баъди парканда шуданаш:
Бопар будам,
Бепар шудам.
Вақти ӯро намақ кардан:
Бенамак будам,
Бонамак шудам.
Вақти бирён кардан:
Хом будам,
Пухта шудам.
Вақти хӯрдани подшоҳ:
Берун будам,
Дарун шудам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё