Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
Зиёд паҳн шудани афсона боиси тағйирёбӣ не, балки боиси бештар маҳфуз мондани сохту тартиби афсона шудааст. Бе ин хел порчаҳои манзуму қофиядор афсонаи «Гунҷишкак»-ро тасаввур кардан ва ё гуфтан имконият надорад. Ин порчаҳо на фақат дар сюжету мазмун, балки дар ғояи афсона низ роли муҳим бозидаанд. Гунҷишк аз подшоҳи мамлакат наметарсад, далерона даъвои ба ӯ домод шудан мекунад ва вақте ки дастгир ва кушта мешавад, номуранда будани худро намоиш дода, баъди парокандаву бирён ва хӯрда шуданд овоз дода, подшоҳро масхара мекунад.
Шеърҳои афсонаҳо умуман, монандӣ, сурудҳои бачагонаи халқӣ як шакли устувор надоранд. Баъзан аз чор мисраъ иборат анд ва дар онҳо қофиябандии хоси рубоиҳои халқӣ мушоҳида мегардад — ааба, аабб:
Ман хӯрдам Алӯли ту,
Ман хӯрдам Булӯли ту.
Ман тиру камон дорам,
Мебуром ба ҷанги ту.
Кист дар бомаки ларзонаки мо?
Хок мерезад ба ошаки явгонаки мо.
Ошаки явгонаки мо шӯр шуд,
Меҳмонаки азизи мо кӯр шуд.
Дар сурудҳои ҳаҷман калонтар қофияҳои ҷуфт-маснавӣ ё ҳамқофия шуда омадани мисраъҳои 1-3, 2-4, 5-7, 6-8 мушоҳида мешавад.
Вазни аксарияти сурудҳо ҳиҷо буда, мисраъҳои 6-7 ҳиҷот ба онҳо бештар хос аст. Сурудҳои мисраъҳояшон дорои зиёдтар аз 8 ҳиҷо тақрибан дучор намешаванд. Порчаҳои шеърии вазнашон тобеи арӯз низ дар афсонаҳои оид ба ҳайвонот вуҷуд доранд:
Э, муши мушони ман,
Э, лоларуҳони ман.
Ай дар дарой чӣ шава,
Бурдай дилу ҷони ман!
Сурудҳои афсонаҳо, алалхусус, афсонаҳои дар бораи ҳайвонот мустақилона ба вуҷуд наомада, зотан ҳамроҳи матн эҷод шудаанд ва берун аз матн иҷро кардани онҳо одат нашудааст.
Ба тавассути такрор, диалог ва суруд дар афсонаҳо драматизм мавқеи муҳимие ишғол карда, ба афсонаҳо хусусияти хосе ато мекунад.
Инак, афсонаҳои халқӣ бо вуҷуди он, ки мавзӯъҳои ҳаётии гузаштаро дар бар кардаанд, ба туфайли дорои ғояҳои пешқадам ва санъати диққатангези бадеӣ будани худ дар замони мо низ аҳамияти худро пурра нигоҳ доштаанд.
АДАБИЁТ
- Афсонаҳои халқии тоҷикӣ. Тартибдиҳандагон Р. Амонов ва К. Улуғзода, Сталинобод, 1957.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё