Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
- Афсонаҳои Самарқанд. Тартибдиҳанда Б. Шермуҳаммадов, Душанбе,
- Афсонаҳои халқи тоҷик. Таҳрир ва такмили Р. Амонов, Душанбе, 1975.
- Раҷаб Амонов. Очерки эҷодиёти даҳонакии Кӯлоб, Душанбе, 1963.
- Д. Обидов. Афсонаҳои ҳаҷвии маишии тоҷикӣ. Душанбе, 1978.
ЭПОСИ ҚАҲРАМОНИИ
Хусусиятҳои жанри эпос. Эпоси қаҳрамонӣ асари эпикии бадеист, ки дар замонҳои қадим, дар давраҳои муборизаҳои шадиди инсон барои ташкили оила ва мустаҳкаму барқарор кардани ҷамъияти падаршоҳӣ ба вуҷуд омада, дар марҳилаҳои баъдинаи тараққиёти таърихӣ корномаҳои фарзандони беҳтарини халқро барои зиндагии озодона ва ҳимояи ватан акс карда омадааст. Эпоси қаҳрамониро аҳли меҳнат эҷод карда, дар он муроду мақсад ва орзую умедҳои худро ифода намудааст.
Эпоси қаҳрамонӣ ҳамчун жанр хусусиятҳои хос дорад. Қаҳрамони онро на сеҳру ҷодуву тилисзм ё ашъёҳои сеҳрангез (чун дар мифҳо ва афсонаҳо), балки далерӣ ва иқтидор ба муроду мақсадаш мерасонад, бинобар ин дар он аз ақидаи қадимӣ дар бораи он, ки бунёди ҳар як қувва сеҳру ҷоду аст, осоре дида намешавад. Ҳамаи корномаҳое, ки ӯ дар задухӯрдҳо нишон медиҳад, аз фазилатҳои инсонӣ ва қувваи ҷисмонии ӯ сар мезанад, шуҷоат ва ҷавонмардӣ муҳимтарин ҷиҳати хислати ӯро муҷАССАМ менамояд. Хислати дигари баҳодурон — қаҳрамонони эпос аз он иборат аст, ки муборизаи шахсии онҳо муборизаҳои коллективҳои ҷамъиятиро ифода мекунанд, яъне дар шахси онҳо гурӯҳи муайяни ҷамъиятӣ ташхис меёбад.
Эпоси халқӣ яке аз сарчашмаҳои муҳими асари бузурги Абулқосим Фирдавсӣ «Шоҳнома» қарор гирифтааст, ки дар шахси қаҳрамонон он муборизаи қувваҳои неки ҷамъият бар зидди Ахриман, Заҳҳок, девҳо — таҷассуми қувваҳои бад ба таври васеъ акс ёфтааст.
Дар адабиёти китобӣ ва дар байни халқ бо номи «Шоҳнома», «Абӯмуслимнома», «Самаки айёр», «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт», «Ҳазору як шаб» ва инҳо барин як силсила асарҳои эпикии қаҳрамонӣ ба вуҷуд омада буданд, ки аз тарафи қиссахонҳо ва ровиён дар маъракаҳои мардум хонда мешуданд. Вале ҳамаи ин китобҳо бо вуҷуди асоси фолклорӣ доштани қисми асосии сюжет ва образҳои худ, бо вуҷуди хусусиятҳои забони зиндаи гуфтугӯйро ба таври фаровон дар бар кардани услуби баёнашон ба эҷоди аҳли қалам тааллуқ доштанд ва ба ин сабаб ба адабиёти китобӣ мансуб дониста мешаванд.
Машҳуртарин эпоси қаҳрамонии халқи тоҷик, ки даҳанакӣ
эҷод шудааст, «Гӯрӯғлӣ» («Гурғулӣ», «Гурғулӣ») мебошад, ки
дар сарзамини афсонавии Чамбули Мастон ва ҳаёту корномаҳои беназири баҳодурони он тасвир мешавад. Чамбули
242

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё